Матни равон

Давоми соли 2015 ва тайи се моҳи соли ҷорӣ дар вилоят 559 нафар бо иттиҳоми терроризм ва экстремизм дастгир шуданд. Гаравидани ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоии ва равияҳои тундгаро муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, пешгирӣ ва мубориза ба ин зуҳуроти номатлуб ҳамдастии кулли ҷомеаро тақозо дорад.

Ба иқдоми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ даҳаи мубориза таҳти унвони “Интихоби ҷавонон: ҳаёт бидуни терроризм ва экстремизм” эълон гардидааст.

Бино бар шарҳи раиси кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Сарфароз Юнусов қариб 1000 нафар ҷавонони Тоҷикистон дар сафҳои гуруҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” дар Сурия ва Ироқ қарор доранд.

Ҳар сол 26-уми апрел Рўзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи  Нерўгоҳи барқӣ атомии Чернобил гузаронида мешавад. Қарори Раиси шаҳр аз 12-уми апрели соли ҷорӣ, таҳти №99 бо мақсади қадршиносӣ аз ҷасорату мардонагии иштирокчиён ва посдории хотираи қурбониёни бартарафкунандагони садамаи Чернобил ба тасвиб расидааст.

Ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон, фаъолгардонии мақоми онҳо дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ қарори Раиси шаҳри Гулистон таҳти №97, аз 6-уми апрели соли 2016 “Дар бораи нақшаи чорабиниҳои рушди иҷтимоии ҷавонон дар шаҳри Гулистон барои солҳои 2016-2018” ба тасвиб расид. Мудирони шуъбаю бахш ва раисони Ҷамоати шаҳракҳо вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ барои татбиқи нақшаи чорабиниҳои қарор тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Қарори дигари Раиси шаҳр таҳти №98, аз 11-уми апрели соли равон “Дар бораи гузаронидани мусобиқа бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни шаҳрак, деҳа, маҳалла, хона ва оилаи намунавӣ” ба тасвиб расид. Моҳияти асосии қарор ба фароҳам овардану тарғиб намудани корҳои ободкориву созандагӣ ва густариши дарки хештаншиносиву варзиш нигаронида шудааст, то ҷашни 25-солагии Истиқлолият бо армуғонҳои арзанда сазовор истиқбоол гирифта шавад.

Бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати қоидаҳои ҳаракати роҳ байни наврасон озмуни шаҳрии “Нозирони навраси ҳаракат” доир ва дастаи МТМУ-и №1 мақоми аввалро соҳибӣ кард. Ғолибон дар озмуни минтақавӣ, ки чанде пеш дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид иштирок намуда, аз рўи даҳ шарт соҳиби 76,5 хол ва сазовори ҷойи дуюм шуданд.

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3823
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13547
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:69625
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7711545

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?