Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо катбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.
Дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони зарофари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат-таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд.
Мақолаҳои боқимонда...
- Иштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Нишони давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан
- Муроҷиати иттиҳоди точикони Қазокистон ба кишварҳо ва сохторҳои Аврупо роҷеъ ба мусоҳибаи раиси ҳизби террористии наҳзати ислом
- Оғози сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшани вилояти Суғд