Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва огоҳ намудани аҳолӣ аз моҳияти тағйиру иловаҳо ба Кодекси Оилаи ҶТ аз ҷониби мудири бахши САҲШ-и шаҳри Гулистон ва мудири баъши кор бо занон ва оилаи назди МИҲД-и шаҳр дар ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррон ва Консой вохўрӣ ташкил карда шуд. Дар ин вохўрӣ мудири бахши САҲШ Н.М.Ҷўраева перомуни ҳуқуқи оилавӣ, манъи никоҳи хешутаборӣ ва ҳатмӣ будани муоинаи тиббӣ барои никоҳшавандагон, инчунин дарёфт ва кам кардани шаҳрвандоне, ки шаҳодатномаи таваллуд барои фарзандони ноболиғи худ нагирифтаанд, баромади муфассал намуда, аз аҳамияти виҷа бархурдор будани масъалаҳои мазкур дар зиндагии мардумро тазаккур дод.

Қайд карда шуд, ки дар асоси моддаи якуми Кодекси Оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд. Танҳо он никоҳе эътироф карда мешавад, ки дар мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷо оварда шудааст.

Ақди никоҳе, ки бо расму оини динӣ сурат гирифтааст эътибори қонунӣ надорад. Зеро имрўз дар ҷомеаи мо нафаронеро дучор омадан мумкин аст, ки бар хилофи қонун дар як вақт бо ду зан зиндагии муштарак менамоянд. Замоне, ки онҳо ҷудо мешаванд ва аз уҳдаи тарбияи фарзанд намебароянд, баъд ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба САҲШ муроҷиат менамоянд. Ҳол он ки никоҳи онҳо ягон асоси қонунӣ надошта, наметавонанд ба Суд ва ё ягон мақомоти ваколатдор муроҷиат кунанд. Имрўз ҳамагонро зарур аст, ки сари вақт никоҳи худро дар САҲШ ба қайд гиранд ва дар оянда ба мушкилоти зиёд рўбарў нагарданд. Дар сурати ба қайд нагирифтан онҳо дар оянда барои гирифтани ҳуҷҷати фарзандон низ азият хоҳанд кашид. Ғайр аз ин, оид ба гузоштани номҳои муносиб ба тифлони навзод дар асоси «Феҳрасти номҳои миллӣ» тавсияҳо дода шуд.

Дар идомаи вохўрӣ, ҳамчунин мудири бахши кор бо занон ва оилаи МИҲД-и шаҳр О. Раҳматова суханронӣ намуд. Аз ҷумла, дар бораи тарғиби сару либоси миллӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои тоҷикӣ барои тарзи дурусти либоспўшӣ ва одобу услуб муфассал сухан ронд.

Дар вохўрии мазкур фаъолони ҷамоати шаҳраки Консой, омўзгорони МТМУ №3, табибон ва хонандагони синфҳои болоӣ иштирок намуданд. Дар охир барои иштирокчиён буклет дар мавзўи «Ҳуқуқи оилавӣ» тақсим карда шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:496
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1697
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:5572
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11097
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37462
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:57969
mod_vvisit_counterҲамагӣ:603814

Мо дар Фейсбук