Матни равон

Дар толори бахши фарҳанги шаҳр бо иштироки  роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳои шаҳр ва масъулини комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҳамоиши илмӣ дар мавзӯи «Қонуни танзим - санади судманд ва манфиатбахши мардум» ба истиқболи 10-умин солгарди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Мудири бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана вам ҷашну маросимҳои миллии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Манучеҳр Шарипов ва мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода доир ба тавзеҳ, манфиати ин қонуни миллӣ маърӯза намуданд. Тазаккур дода шуд, ки қонуни мазкур бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардида, аз мавриди амал қарор гирифтани он даҳ сол сипарӣ мегардад, аз ҷумлаи иқдом ва амалҳои муҳими сиёсию ҳуқуқӣ ва иҷтимоию фарҳангиест, ки ба шуури ҷомеаи мо таъсири мусбати худро расонд.

Зеро давлат ва ҷомеа кӯшиш ба амал оварданд, ки ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ, ки он аз тарзи зиндагӣ, анъана, урфу одатҳои мавҷуда, маросиму ҷашнҳо ва ашёву воситаҳои иҷрои онҳо иборат буда, қисмати муҳими фарҳанги миллӣ ва динии мо маҳсуб меёбанд, ислоҳ ворид намоянд. Зикр гашт, ки қонуни номбурда барои баланд бардоштани маданият ва фарҳанги баргузор намудани маъракаҳои мардумӣ ва риояи талаботи қонунгузории кишвар низ мусоидат карда, дар ҳалли мушкилии иҷтимоии ҳазорҳо ҷавонон нақши мусбат гузоштааст.

Роиҷ ба зикр аст, ки алҳол дар шаҳр 7 комиссияи доимӣ ва 38 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият  мебаранд. Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ дар миқёси шаҳр дар маҷмӯъ 157 маъракаҳо баргузор шудааст. Аз ин шумора 31 хатнасур, 87 тӯйи домодию арӯсӣ, 20 маросими чил ва 19 маъракаи сол баргузор гардида, 11 чорвои хурд забҳ карда шуда, нисбати як нафар сокини шаҳраки Адрасмон барои вайрон намудани талаботи моддаи 9-и қонуни мазкур мавод тартиб дода шуда, дар натиҷа бо қарори суд нисбати қонунвайронкунанда ҷарима ба миқдори 5000 сомонӣ таъин гардидааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1673
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18020
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51619
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693539

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?