Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали МИҲД-и вилояти Суғд аз 30-юми декабр нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони васоити ахбори омма, аз ҷумла рўзномаҳои «Садои мардум», «Минбари халқ», «Азия-плюс», «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», «Шуълаи умед», «Саломат бошед», «Лочин», «Ризқофарин», маҷаллаҳои «Паёми Суғд», «Ноҳид», шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон, телевизиони вилояти Суғд, радиоҳои «Садои Хуросон», «Озодӣ», рўзномаҳои шаҳрии «Соҳил» ва «Гулистони дониш» иштирок намуданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2016-ум иттилоъ дода, зикр кард, ки дар соли ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром дошта, дар натиҷаи меҳнати суботкорона дар тамоми ҷодаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Аз ҷумла, корхонаҳои саноатии шаҳр дар давоми соли 2016 ба маблағи 2 миллиарду 129 миллиону 523,0 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, суръати афзоиши онро нисбати ҳамин давраи соли қаблӣ бо нархҳои амалкунанда 142,3 % таъмин намуданд ва ин нишондиҳанда ба маблағи 633 миллиону 341,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 16-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,8% то ба 282,0% расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Соли 2016 саҳми корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 31,0 фоиз, дар ҷумҳурӣ 15,7 фоизро ташкил дод. Раиси шаҳр зикр дошт, ки корхонаи ҶДММ КМ ТК «Апрелевка» дар соли 2016 ба ҳайси «Корхонаи беҳтарини саноатӣ» ва Нерўгоҳи барқи обии «Дўстии халқҳо»-и Гулистон чун «Нерўгоҳи беҳтарин» дар ҷумҳурӣ муаррифӣ гардиданд.

Дар соли 2016 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 91,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт, ки он баробар ба 102,5 дарсади нақшаи пешбинишуда мебошад. Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 26,1 миллион сомонӣ, ё ки баробари 102,8 фоизро ташкил дод.

Дар давоми соли 2016 ҳаҷми гардиши фурўши моли чакана дар шаҳр 42 миллиону 048,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 136,8 фисад зиёд мебошад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ бошад ба 62 миллиону 077,5 ҳазор сомонӣ баробар шуда, 105,8 дар сад афзудааст.

Дар соли 2016 ба иқтисодиёти шаҳр 524,4 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 462,7 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ (аз тарафи ШСКТХ барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва харидани таҷҳизоти иловагӣ) ва 61,7 миллион сомонӣ инвеститсияи дохилӣ (аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ) ташкил дод, ки асосан ба сохтмони сехҳои истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, марказҳои савдо ва хизматрасонӣ мансуб мебошанд.

Соли 2016 корхонаҳои шаҳр бо 25 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ дошта, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 223 миллиону 766,94 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 58 миллиону 887,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 3,8 маротиба зиёд шудааст.

Дар шаҳр 6 маркази таълимӣ-касбомўзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо 23 дастгоҳи адрасбофӣ, 21 дастгоҳи қолинбофӣ ва 6 мошини дарздўзӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Дар ин марказҳо 185 нафар занону духтарони хонашин ба касбомўзӣ фаро гирифта шуданд.

Музди маоши миёнаи кормандони хоҷагии халқи шаҳр дар ин давра 1729 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 300 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли 2016-ум 28 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ дар ин давра ба маблағи 52 миллиону 126 ҳазор 747 сомонӣ иҷро гардид. Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд ба 300 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ аз шаҳраки Сайҳун тавассути қуръапартоӣ ҷудо карда шуд. Бо мусоидат ба Барномаи вилоятии “Идомаи соли роҳҳои обод” соли 2016 аз 69 км роҳҳои автомобилгард 50 км таъмиру тармим шуд. Аз ҷумла, 3 км таъмири асосӣ, 22 км таъмири ҷорӣ, 25 км шағалпўш карда шуданд. Соли 2016 дар ҳудуди шаҳру шаҳракҳо ва минтақаи истироҳатӣ ба миқдори 11780 бех дарахтони ҳамешасабз, 6745 бех дарахтони мевадиҳанда, 1800 бех сафедор, 4500 гули садбарг, 125000 гули лола ва тухмӣ, кўчати гулҳои ороишии ҳархела, 10000 кўчати карамгул ва зиёда аз 100 ҳазор қаламчаи садбарг коштаву шинонида шуданд. Дар кўчаҳои асосӣ хатти нерўи барқии рўшноидиҳанда дар масофаи 4,8 километр ва 75 симчўб иваз карда шуда, чароғҳои диодии замонавии каммасраф насб гардиданд.

Дар соли 2016 ба минтақаҳои истироҳатию фароғатии шаҳр расман 22692 нафар, аз он ҷумла 3245 нафар хориҷиён ташриф оварданд, ки ин нишондиҳанда нисбати соли қаблӣ 23, 4 фисад зиёд мебошад. Маблағи воридшуда аз ташрифи сайёҳон 18 миллиону 829,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 3 миллиону 167,8 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби туризми беруна ворид шудааст.

Дар ин давра барои таъмиру тармим ва муҷаҳҳазгардонидани муассисаҳои соҳаи маориф бо таҷҳизот аз буҷети маҳаллӣ ба маблағи қариб 900 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Соли 2016 Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистонро 108 нафар хатм намуданд.

Дар давоми соли 2016 барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ 32897 сомонӣ, барои харидани либосҳои саҳнавӣ 11395 сомонӣ, барои харидани дигар таҷҳизот 21950 сомонӣ ва барои таъмири куллии бинои бахши фарҳанг 185643 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, таъмир пурра ба анҷом расонида шуд.

Барои иҷрои Барномаи шаҳрии «Соли 2016–Соли фарди солим” дар маҷмўъ барои тармиму таҷдид ва харидани таҷҳизоти тиббӣ беш аз 700 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва корхонаҳо ба муассисаҳои тандурустӣ таҷҳизоти тиббӣ ба маблағи зиёда аз 150 ҳазор сомонӣ харида шуд. Маркази саломати шаҳри Гулистон дар озмуни вилоятӣ соҳиби ҷойи аввал гардид.

Дар соли 2016 ба 3429 нафар ба маблағи 462561 (чорсаду шасту ду ҳазору панҷсаду шасту як) сомонӣ ёрии яквақтаи моддӣ расонида шуд.

Раиси шаҳр ҳамзамон, тазаккур дод, ки дар натиҷаи фаъолияти бонизом ва дастовардҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шаҳри Гулистон дар озмуни ҷумҳуриявӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Шаҳри беҳтарин” дар вилоят ҷойи дувумро сазовор гашт.

Сипас Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба саволҳои намояндагони ВАО посух дод. Рўзноманигорон доир ба таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ, фаъолияти корхонаҳои ҶСК “Қолинҳои Қайроққум”, ҶДММ КМ ТК «Апрелевка», ҶСШК “КМ Адрасмон”, робитаҳои байналхалқии шаҳр, рушди саноати кўҳӣ, сохтмони иншоотҳои иҷтимоӣ, соҳаи сайёҳӣ, корҳои ободонӣ ва монадид ин саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳр

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:609
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9782
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38341
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7770731

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?