15 Май 2024
Имрӯз, 15.05.2024 Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода ба шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии шаҳр ташриф оварда ба муносибати Рӯзи оила модар ва тифли навзодро аёдат намуда, Рӯзи оиларо ба онҳо муборакбод гуфт. Зикр карда шуд, ки давлату ҳукумат ҷиҳати солимии модару кӯдак дар кишвар тадбирҳои зиёдеро ба роҳ мондааст ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр низ ба ин раванд таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Оила хурдтарин ниҳоди ҷамъият ва оилаи солим боиси ташаккул ёфтани ҷомеаи солим аст.
Ба модари кӯдак шаҳодатномаи таваллуди фарзанд ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Ба масъулин ҷиҳати аҳамияти ҷиддӣ додан ба солимии модарону кӯдакон дар таваллудхона ва ба модарон фаҳмонидани тарзи дурусти нигоҳубини кӯдак ва пешгирии ҳамагуна ҳолатҳои нохуш супоришҳо дода шуд.