Матни равон

Имрӯз, 06.09.2023 дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба муносибати таҷлили шоистаи Ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони  “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки устодону донишҷӯёни Муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон Конференсияи илмӣ-адабӣ баргузор гардид.

Конференсия бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Дар кори Конфренсияи муовини Раиси шаҳр Шарифҷони Саидраҳмон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Фаридуншоҳ Абдуллоев, корманди шуъбаи дар шаҳри Гулистон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сафаров Раҷабалӣ,  мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов, директори муассисаи ғайридавлатии коллеҷи тибби шаҳри Гулистон Маъруфҷон Холматов, кормандони Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” шоири ҷавон Меҳровари Масчоҳӣ ва муҳаққиқи ҷавон Исмоил Саидов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр карда шуд, ки ба ибораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Пас аз соҳибистиқлол гардидани кишвар яке аз соҳаҳое, ки пайваста дар зери таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар қарор дошт, ин соҳаи ҷавонон мебошад.

Баъд аз шаш моҳи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. Ин заминагузорӣ ва таваҷҷуҳи ҷудогона буд, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23-юми майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Дар тайи 32 - соли соҳибистиқлолӣ дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ҷавонони кишвар дар баробари дигар қишри ҷомеа нақш ва саҳми арзандаи худро гузоштанд.

Ҳамчунин, таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм ба падидаи номатлуби аср мубаддал гардидааст. Қобили зикр аст, ки раванди ифротгароӣ  яке аз зуҳуроти номатлуб буда, тамоми ҷаҳонро такон дода, на танҳо барои кишварҳои алоҳида ё минтақаҳои муайян, балки дар сайёра хатари умумиинсониро ба бор овардааст. Бинобар ин, ҷавононро лозим аст, ки дар мубориза бо ин падидаҳои номатлуб ҷиҳати устувору пойдор нигоҳ доштан ва таҳким бахшидани Истиқлоли давлатӣ дар сафи пеши мубориза бошанд.

Таъкид гардид, ки чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: “Истиқлолият ҳамон вақт маъниву моҳияти ҳақиқӣ пайдо мекунад, ки ҳар фарди ҷомеа ба қадри он расад ва ин неъмати муқаддасу бебаҳоро ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ҳифз намояд. Мо бояд ҳамеша аз Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз ҷумлаи муқаддасоти ҷовидонӣ мебошанд, шукрона карда, онҳоро чун гавҳараки чашм эҳтиёт ва ҳифз кунем”.

Баромадкунандагон аз хидматҳои шоёнои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии сиёсати давлатии ҷавонон ва нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ изҳори андеша намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:877
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2582
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6490
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18017
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70769
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7803159

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?