Матни равон

Ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва баргузории озмуни ҷумҳуриявии  «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ, донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омўзгорон, намояндагони фарҳангу санъат ва шаҳрвандони вилоят  дар МДТ “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Бӯстон тибқи ҷадвали баргузории даври вилоятии озмун баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур аз шаҳри Гулистон 49 нафар ғолибони даври шаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд. Зикр бояд кард, ки довталабони гулистонӣ бо ҷидду ҷаҳд ва талошҳои пайдарпайи худ тавонистанд, ки сазовори аҳсану офарини аъзои ҳакамон гарданд ва ҷойҳои намоёнро соҳиб шаванд.

Ҳамин тавр, дар асоси натиҷагирии ҳайати ҳакамони даври вилоятии озмун омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 РАҲМОНОВА ЗУБАЙДА аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори шифоҳӣ, порчаҳо аз осори манзуми адибони классикӣ ва муосири тоҷик сазовори ҶОЙИ АВВАЛ, ОСИМА АКБАРОВА намояндаи касбу кори гуногун аз номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик сазовори ҷойи дуюм, МАҲВАШ БОЙМАТОВА хонандаи синфи 6-и гимназияи №1 ба номи академи Бобоҷон Ғафуров аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти кӯдакон ва наврасон, осори шифоҳӣ, порчаҳо аз осори манзуми адибони классикӣ ва муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм, ЗЕБИНИСОИ СУҲРОБ хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ сазовори ҷойи дуюм, ИМОММУҲАММАД ИМОМОВ хонандаи синфи 9-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ сазовори ҷойи дуюм, НАФИСА ФАЙЗУЛЛО хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 аз номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик сазовори ҷойи дуюм, ФАТҲИДДИН ФАТҲИЕВ донишҷӯӣ бахши 3-юми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” аз номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик ва адабиёти шифоҳӣ  сазовори ҷойи дуюм ва докторанти бахши 3-юми МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҳамзамон омӯзгори МТМУ №14-и  шаҳри Гулистон ИСМОИЛ САИДОВ аз номинатсияи хондани қиссаву ривоятҳои халқӣ, асарҳои насрӣ ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик соҳиби ҶОЙИ ДУЮМ гардиданд. Дар натиҷа як нафар омӯзгори МТМУ №1, 4 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 нафар донишҷӯ ва  1 нафар намояндаи касбу кори гуногун, дар маҷмӯъ 8 нафар довталаб ба даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” роҳхат гирифтанд.

Дастоварди соли ҷорӣ нисбат ба соли гузашта хеле назаррас буда, гувоҳӣ  аз он  медиҳад, ки теъдоди иштирокчиён сол аз сол зиёд гардида, сокинони кишвар рӯз то рӯз бештар ба китобу китобхонӣ рӯй оварда истодаанд. Ин дастовард дар натиҷаи ташвиқоту тарғиботи саривақтӣ ва заҳмату талошҳои устодону ҳаводорони адабиёт ба самар расидааст.

Итминони комил дорем, ки ғолибони даври вилоятӣ аз шаҳри Гулистон дар даври ниҳоии он - даври ҷумҳуриявӣ низ фаъолона ширкат варзида, дониш, маҳорат ва малаки худро нишон дода, шаҳри моро дар миқёси ҷумҳурӣ сазовор муаррифӣ хоҳанд кард.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1515
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11239
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:67317
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7709237

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?