Матни равон

Дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Гулистонро бо иди касбиашон - Рўзи милитсияи тоҷик табрику таҳният гуфт.

Зикр гардид, ки кормандони милитсия барои барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини оромиву суботи ҷомеа, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, яъне волоияти қонун аз лаҳзаҳои нахустини соҳибистиқлолии кишвар дар сафи пеши мубориза бар зидди гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо далерӣ ва фидокориву ҷоннисорӣ нишон дода, дар таҳкими нуфузу эътибори давлати мо дар арсаи ҷаҳон саҳми бисёр арзанда гузоштаанд.

Вақте ба таърихи гузаштаи милитсияи тоҷик назар мекунем, саҳифаҳои пур аз корнамоиву ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва содиқ ба миллати куҳанбунёду соҳибфарҳангамонро мебинем.

Ҳисси ватандӯстӣ ва садоқату самимият ба уҳдадориҳои хизматӣ дар замири фарзандони бонангу номуси ин мақомот дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ҳадафу ниятҳои нопоки душманон ва мақсадҳои ғаразноки онҳоро барбод дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки «Таъмини тартиботи ҳуқуқӣ ва қонуният, ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон вазифаи боифтихор ва масъулиятнок буда, ҷомеа ва давлат ин вазифаро ба дўши мақомоти корҳои дохилӣ вогузоштаанд».

Дар ҳақиқат, алҳол дар назди кормандони милитсия боз ҳам вазифаҳои муҳим истодаанд. Ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои шаҳрвандон, мубориза бо терроризму экстремизм, ҷинояткории муташаккилона, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ самтҳои афзалиятноки фаъолияти онҳо мебошад.

Бовар дорам, ки ҳар кадоми шумо манфиати давлату миллат ва обрӯи касбии худро муқаддас дониста, ба савганди ёдкардаатон содиқ мемонед ва риояи бечунучарои қонуният ва иҷрои талаботи интизоми хизматиро дар сафҳои мақомот боз ҳам тақвият мебахшед.

Дар таҳкими волоияти қонун, ҳимояи дастовардҳои даврони истиқлолият саҳми арзанда гузошта, ҳомии боэътимоди халқу Ватан будани худро собит менамоед.

Дар чорабинии тантанавӣ ба як қатор кормандон ва собиқадорони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим гардид.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги шаҳр барномаи марғуби консертиро манзури иштирокчиён намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2493
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4379
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15631
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28214
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36446
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:112085
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4683610

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?