Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 30-сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлолият баҳравар аст. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Имрӯз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва бо сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки нерумандтарин муҳофизи истиқлолияти кишвар мебошанд, мардуми Тоҷикистон озодона, дар фазои сулҳу ваҳдат бо сари баланд зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Маҳз Истиқлолият ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Бале, қадамҳои нахустини Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар марҳилаи басо душвор ва ҷанги таҳмилӣ ҷараён гирифт. Хушбахтона, Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Хуҷанди бостонӣ даъват гардид ва масъулияти бузурги давлатдорию низоми ҳокимиятро ба дӯши фарзанди фарзонаю бохиради миллат Эмомалӣ Раҳмон вогузошт. Маҳз талошҳои шаборӯзии Пешвои муаззами миллат буд, ки тақдири давлату қисмати миллати ба низои шаҳрвандӣ кашида, рӯ ба бесарусомонӣ овардаро ҳал намуда, дастоварди бузурги таърихӣ – Истиқлолияти соҳибшударо ҳифзу пойдор гардонд. Якпорчагии кишвар таъмин, хавфи парокандашавии миллат барҳам ва Ҳукумати қонунӣ аз нав барқарор гардид. Ҳамзамон, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик ба мо муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низои даҳшатноки дохилиро гирем, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварем.

Дар қадамҳои боэътимоди баъдӣ дар кишвари мо сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати конститутсионӣ, парламенти касбӣ, Артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдорӣ тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд карда шуд.

Дар натиҷа мо дар зарфи қариб се даҳсолаи гузашта ба як силсила дастовардҳои бунёдие ноил гардидем, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон ба онҳо иртиботи мустақим дорад.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу субот, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар нақши бориз ва арзандаи худро касб намудааст. Имрӯз мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Ҳамагонро бо фарорасии ҷашни фархундаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, рӯзгори обод ва комрониву комёбиҳо таманно менамоям.

Бигзор, истиқлолу озодӣ ва ваҳдати мо абадан поянда бошад!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:399
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2963
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3362
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24383
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:69466
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:94495
mod_vvisit_counterҲамагӣ:4378585

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?