Матни равон

26 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот сеошëна буда, дорои 16 синфхонаи таълимӣ, китобхона,  ҳуҷраҳои корӣ, маҷлисгоҳ бо 100 ҷойи нишаст, озмоишгоҳ, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар ҳуҷраҳои ëрирасон мебошад.

Муассисаи нави таълимӣ барои 850 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои футболи хурд, волейбол ва баскетбол бунёд гардида, атрофи иншоот ободу зебо карда  шудааст.

Бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 49 дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Урунбой Нурматов бунёд гардидааст.

Зимни ифтитоҳи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои кӯҳнаи муассиса соли 1958 сохта шуда, аз 3 синфхона ва ҳуҷраи омӯзгорон иборат буд.

Қаблан дар муассисаи таълимӣ 9 омӯзгор ба таълиму тарбияи 106 хонанда машғул буданд. Дар мактаби кӯҳна норасоии ҷойи нишаст барои хонандагон ва набудани имкони созгори таҳсил аз мушкилоти асосӣ дониста мешуд.

Дар ин росто ҳамасола афзоиш ёфтани шумораи хонандагон дар деҳаи Ғайрати деҳоти Ҷӯра Раҳмонови шаҳри Турсунзода ва ҳавасмандии насли наврас ба омӯзиши илмҳои замон зарурати бунёди муассисаи таълимии наву замонавиро тадриҷан дучанд месохт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкори маҳаллиро шоистаи таҳсин ва намунаи ибрат хонда, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи дониш ифтитоҳи иншоотро туҳфаи арзанда ба омӯзгорону хонандагон ва қадами устувор дар самти рушди соҳаи маорифи шаҳр маънидод намуданд.

Бояд гуфт, ки бо истифода аз имкони созгори таълиму тарбия омӯзгорон бо ҳисси баланд барои дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ тарбия намудани насли наврас кӯшиш карда, дар ин росто ояндасозони ватан низ дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” ба омӯзиши илмҳои  замон бештар таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3085
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:5346
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:12809
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:22479
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:68887
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7710807

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?