Матни равон

Муборакбодии  Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода бахшида ба  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии ТоҷикистонҲамдиёрони азиз!

Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб  сохти конститутсиониро дар ҷумҳурӣ аз нав барқарор намуд. Ин иҷлосия ба саҳнаи сиёсӣ сиёсатмадори даврони нав,  сарвари оқилу ҷасур ва дурандеш Эмомалӣ Раҳмонро овард ва ӯ Тоҷикистонро ва вартаи нобудшавӣ раҳонид.

24-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи ҶVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуд ва бо ҳамин кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.

Тавре Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд:

«Рангу аломатҳои Парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии  халқи бостонии мост.

Дар Парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст».

Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёнии сабз баробар мебошад ва рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Дар рӯи рахи сафед, дар мобайни Парчам бо зарҳал тоҷ ва болои он ба ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст.

Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст: Тоҷ рамзи шукуҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.

Ҳафт ситора низ рамзи нек буда, рақами ҳафт дар асотир, ҳикмат, оину суннати мо рақами муқаддас, рамзи бахту саодат, некӣ ва пайванди арзишҳои заминӣ ва кайҳонианд.

Соли 2008 бо ибтикори Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллӣ, гиромидошту арҷгузории ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон 24-уми ноябр чун Рӯзи Парчам эълон гардид ва инак, ҳафт сол мешавад, мо онро чун воқеаи фараҳбахш таҷлил менамоем.

Таҷлили Рӯзи Парчам дар замири ҳар як фард эҳсоси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва ифтихор аз истиқлолу озодиро афзун мегардонад.

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ман ҳамаи шумоёнро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бароятон саодати зиндагӣ ва фатҳи қуллаҳои нави меҳнатиро таманно дорам.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1550
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6428
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17233
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7749623

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?