Матни равон

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум  (даъвати панҷум)30-уми октябри соли 2015 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳр (даъвати панҷум) доир гардид. Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода  кори иҷлосияро ифтитоҳ бахшид.

Баъди садо додани Суруди миллӣ вакилон котиботи иҷлосияро интихоб ва рӯзномаи иҷлосияро иборат аз хафт банд тасдиқ намуданд.

Аз рӯи масъалаи аввал «Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009, №252 “Дар бораи тасдиқи Барномаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии кадрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2016” мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрхои дастгоҳи раиси шаҳр Лоҳур Назришозода баромад кард. Вакил аз ҳавзаи интихоботии №4 Мавҷуда Собирова ба музокира баромада андешаҳои хешро иброз дошт.

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум  (даъвати панҷум)Доир ба масъалаи дуюми иҷлосия “Дар бораи тасдиқ намудани “Барномаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Қайроққум барои солҳои 2016-2020”мудири шуъбаи иқтисод ва савдо Маҳбуба Шодиева ба сухан баромад. Абдумалик Содиқов, вакил аз ҳавзаи интихоботии №11 ба музокира баромада таҳияи Барномаро саривақтӣ шуморид ва аз вакилон хоҳиш кард, ки онро тасдиқ намоянд. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр сипас аз рӯи масъалаи сеюм ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр оид ба масъалаҳои илм, маориф, тандурустӣ, сиёсати ҷавонон, робита бо ҷомеа ва фарҳанг Юнус Сабуров вакил аз ҳавзаи интихоботии №23-ро шуниданд. Онро низ вакилон ба маълумот гирифтанд. Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии №13 Райҳона Хамзалимова ба самъи вакилон расонида шуд.

Доир ба масъалаҳои панҷум ва шашуми иҷлосия “Дар бораи муайян намудани меъёри ҳадди ақали қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрвандон” ва “Дар бораи муқаррар намудани фоиз барои сохтмон ва азнавсозии биноҳои истиқоматии бисёрҳуҷра, хонаҳои истиқоматӣ ва коттеҷҳо” мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ Муҳаммад Тошматов маълумоти муфассал пешниҳод кард. Ҳамчунин, қарорҳои Раиси шаҳр оид ба таъиноти кадрӣ ва дар бораи ҷудо намудани маблағ аз 22 июни соли 2015 то 30 октябри соли равон қабул шудаанд, вакилон тасдиқ намуданд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои ба иҷлосия пешниҳодгардида вакилон қарорҳои даҳлдор қабул карданд.

Дар кори иҷлосия сардори шуъбаи Агентии хизмати давлатии назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдулло Мансуров бо намояндагӣ аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иштирок ва баромад.

Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷиҳати амалисозии масоили муҳокимагардидаи иҷлосия ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қайроққум (даъвати панҷум) баъди садо додани Суруди миллӣ ба охир расид.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1735
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:18082
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:51681
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7693601

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?