Матни равон

Сафари кории Раиси вилоят ба шаҳри ҚайроққумБар иловаи тантанаҳои иди Истиқлолияти давлатӣ имрӯз дар шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» чанд иншоотҳои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дошта бо иштироки бевоситаи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки бешубҳа ҷиҳати  шукуфоии минбаъдаи Қайроққумшаҳр мусоидат хоҳанд кард.

Сафари кории Раиси вилоят ба хотири ширкат дар ифтитоҳи иншоотҳои мазкур қаблан аз шаҳраки Сирдарё оғоз ёфт. Абдураҳмон Қодирӣ нахуст аз бинои нави бо таври муосир таъмиру тармимшудаи Ҷамоати шаҳраки мазкур дидан кард. Бинои нав аз ду ошёна иборат буда, бо маблағи 90 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр дар масоҳати 500 метри мураббаъ аз таҷдид ва таъмири асосӣ бароварда шуд.

Дар ошёнаи дуввуми бино бошад, ба хотири амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эҳё кардани ҳунарҳои миллӣ аз қабили қолину адрасбофӣ ва сӯзанидӯзӣ, ҳамзамон баҳри татбиқи дастури Раиси вилоят оид ба ҷалб кардани занону духтарон ба ҳунарҳои миллӣ ва ташкили марказҳои таълимию қолинбофӣ дар шаҳру навоҳӣ маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасу атласбофӣ таъсис дода шуда, дар он 4 адад дастгоҳ бо дастгирии Раиси вилоят ройгон тақдим ва васл гардидааст. Шароит фароҳам омад, ки 20 нафар духтаракони ин ҷо ба таълим фаро гирифта шуда, соҳиби касб шаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон оид ба масоили иҷтимоӣ, ба виҷа бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ таъкид дошт. Мусаллам аст, ки шаҳри Қайроққум миёни дигар шаҳру навоҳии мамлакат чун маркази рушдёфтаи саноатӣ эътироф шудааст. Ҳамасола бунёди як - ду корхонаи истеҳсолӣ дар ин ҷо ба ҳукми анъана даромадааст. Имрӯз Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ боз ба ифтитоҳи як коргоҳи замонавии истеҳсоли ноқилҳои мисин асос гузошт. ҶДММ «Суғдкабел» аз ҷониби соҳибкор Зафар Мирхолиқов бо маблағи лоиҳавии 1,5 миллион сомонӣ таъсис ёфта, бо ашёи хоми саноатии кишварҳои Русия ва Эрон бо иқтидори истеҳсолии маҳсулот то 300 ҳазор сомонӣ  фаъолият мекунад. Дар коргоҳи нав дар марҳилаи аввал 12 нафар бо ҷои кори доимӣ ва маоши мӯътадил дар ҳадди 700 сомонӣ таъмин мешаванд.

Дар доираи соли 2015 «Идомаи соли роҳҳои обод» имрӯз ҳамзамон бо ширкати Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар кӯчаи «Дӯстии халқҳо» ва ба номи Рӯдакӣ мумфаршкунии роҳи мошингард дар масофаи зиёда аз 1 километр оғоз ёфт.

Имрӯз дар маркази шаҳри Қайроққум бо ибтикори ҶДММ «Ариана Л» бинои кӯдакистони хусусии «Наргис» барои қабули 240 нафар кӯдакон баъди таъмиру тармими асосӣ ба истифода дода шуд. Дар доираи татбиқи «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ва дастгирии давлатии бахши хусусӣ дар самти ташкил ва таъсиси муассисаҳои таълимӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо соҳибкор О. Мадалиев қарордод дар бораи ба мӯҳлати 20 сол ба иҷора додани бинои бекорхобидаи собиқ кӯдакистон баста шуд.

Тарбиятгирандагон бо тамоми шароитҳои таълимию фароғатӣ таъмин мебошанд.

Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ аз ғамхориҳои ҳукумат ва давлати Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф ва таълиму тарбияи наврасон доир ба рушди минбаъдаи муассисаҳои томактабӣ дар ҳамаи шаклҳои таълим ҳарф зад.

Қайроққумшаҳр боз соҳиби як боғи фарҳангу фароғатӣ шуд. Боғ дар маркази шаҳр, дар масоҳати 0,7 гектар доман паҳн карда, бо маблағи 1 миллиону 70 ҳазор сомонӣ бунёд ёфт. Лоиҳаи онро меъморони худи шаҳр тарҳрезӣ кардаанд, ки хеле ҷолиб ба чашм мерасад. Пайкараи модар дар оғӯшаш тифл, саҳна барои намоиши барномаҳои мусиқиву театрикунонидашуда, фаввораи замонавӣ, ҷӯйбор ва обшори сунъӣ боғро ба назар басо дилчасп падидор мегардонанд. Дар бунёди ин боғи фарҳангӣ ҶДММ «Авитсена», ҶДММ «Ариана Л», ҶДММ «МБСИ» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳр саҳм гузоштанд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо иштироки зиёди меҳмонон, сокинони шаҳр ба оғози ин маркази фарҳангию фароғатии нав ҳусни ифтитоҳ бахшида, иброз дошт, ки ин Боғи фарҳангӣ тӯҳфаи хубест дар соли эълон шудани 2015 ҳамчун соли рушди фарҳанг ва соли оила. Ва ба хотири он, ки иншооти мазкур дар 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бунёд ёфтааст, бигзор Боғи фарҳангӣ ва фароғатии 24-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон номгузорӣ шавад. Пешниҳоди Раиси вилоятро ҳозирин бо хушнудӣ пазируфтанд.

Сокинони шаҳр бо шукргузорӣ аз давлату давлатдорӣ ва сулҳу суботи кишвар ин иқдомҳои созандаву бунёдкориро бо самимияту сипосгузорӣ пазируфтанд.

Матлубахон Амонзода, Раиси шаҳри Қайроққум ва дигар фаъолони шаҳр ба Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати ширкат дар маросими ифтитоҳи иншоотҳои муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ арзи сипос намуда, дар навбати худ қавл доданд, ки баҳри амалисозии дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон оид ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо ҳадафи шукуфоии диёру муҳайёсозии шароит барои зиндагии шоистаи мардум фаъолона талош меварзанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:638
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:16452
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:13264
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46417
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7688337

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?