Матни равон

Давлатмадорӣ ва ойини раҳбари

( дар ҳошияи таҷлили Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ ва Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон )

Агар ба таърихчаи давлатдории тоҷикон дар замони муосир, махсусан, замони даргириҳои бемаънии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта як каме мурур кунем, хоҳем дарёфт, ки чӣ мушкилоте домангири давлатмардони вақт будааст ва онҳо дар қиболи чӣ мушкилоте истод шудаанд. Имрӯз бар асоси шунидаю мутолеот сари масоили бунёди давлат ва роҳандозии сиёсати муваффақона дар қаламрави ҷумҳурӣ суҳбату фазлфурӯшӣ кардан ва зиёда аз ин, чанд саҳифаеро сиёҳ намудан бисёр осон аст. Вале ба назар гирифтани шароит ва ҳассосияти замон бисёр муҳим аст. Ба ин манзур дар он замони ҳассос, яъне ибтидои солҳои навадум ба эътидол овардани вазъи баамаломада, ба оромии сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва фикрӣ расондани мардум ва ба ҳам овардани онҳо ҷуръату ҷасорати фавқулодаро тақозо мекард. Азбаски дастгоҳҳои давлатӣ ва сохтори сиёсии кишвар дар он замон ба гирдоби мушкилоти дохилӣ ғӯтавар ва фалаҷ шуда буданд, имкони бозсозӣ ва таҷдиди мудирияти давлатӣ ба сифр баробар гардид. Ба болои ин мусибат, аз фурсат истифода бурда, таҳиягарони бозиҳои сиёсӣ дар минтақаҳои ҳассоси кишвар тухми ихтилофоти динӣ - мазҳабӣ коштанд, ки бар асари он ҷанги шаҳрвандӣ доман густурд. Дар чунин вазъияти ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ  16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олӣ баргузор шуд ва Ҳукумати қонунӣ рӯйи кор омад. Барои ҳалли муноқишаҳои сиёсӣ Ҳукумати конститутсионӣ саъю талош намуд ва аз созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ҷиҳати расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мусоидат намоянд.

Ҳамин тариқ, Эмомали Раҳмон замоне ба сари ҳокимият омад, ки тамоми сохтор ва дастгоҳи давлати ва ҳукумати бар асари даргириҳои бемаъни, ноҷурию дарҳамбарҳамиҳои сиёси билкул фалаҷ шуда, кишвар ба вартаи ҷанги шаҳрванди афтода буд. Манзараи даҳшатовар ва хашини ҷанги шаҳрванди ҳатто имрўз ҳам, бо гузашти зиёда аз бисту ҳафт сол  хобу хаёли мардуми қаламрави  Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк накардааст ва чун кобуси ваҳшатзо олами руъёи халқро таҳдид мекунад. Дар чунин вазъи фоҷеабор, ки ҳатто аз бародар ҳам таваққўъ ва умедвори доштан Ғайриимкон шуда буд, Эмомали Раҳмон ба арсаи сиёсат ва давлатдории ватани ворид гардид  ва ҷасурона дар ин масири мушкилписанди сиёси гомҳои устувор бардошт.

Паймудани масири хатарнок ва печидаи сиёсат дар он замон кори саҳлу осон набуд ва ҳар ки дар замону макони мазкур дар ҳавзаҳои сиёси ва идори кору фаъолият кардааст, ҳолат ва вазъи куллии минтақавиро хуб дар ёд дорад. Дар шароити мудҳиш ва ваҳшатзои давр ба сари кор омадан ва ба таври  таъҷили сару сомон додани ибтикороту тадбироти мушаххас ҷуръат ва худкифоияти вижаро тақозо менамуд. Гузашта аз ин, ҳангоми баргузор шудани Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Оли аз назари синнусоли Эмомали Раҳмон ҳанўз чиҳилсола буд ва қатъи назар аз он ки ба сиёсати бузург ворид нагардида, дар ҳавзаи сиёсатҳои минтақави ва ҷаҳони таҷрибаи андак дошт, на танҳо наҳаросид, балки бо шўру шавқи милли ва номуси ватандори ба вазифаи Раиси Шўрои Оли пазируфта шуда, аз рўзҳои нахустини ҳукуматдори, бо такя бар виҷдону имони яқин, фазои муносиби зисти ва муҳити бози сиёсию иҷтимои ва фарҳанги муҳайё сохт. Аз ин лиҳоз, муҳимтарин дастоварди Иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Оли он буд, ки шахсияти миллию мардумиро дар симои Эмомали Раҳмон ба арсаи раҳбари ва давлатдори дар марҳилаи навини таърихи овард ва ин марди майдони сиёсати минтақави ва башари бо рўҳи қавии милли, на танҳо вазъро ба эътидол оварда, созиши миллиро дар сатҳи иҷтимои таъмин намуд, балки дар эъмори давлат, таҳкими Истиқлолияти давлати ва сиёсати милли дар миқёси байналмилали саҳми сазовор гузошт. Бар мабнои сифоти ҳасанаи шахси ва ахлоқи миллию мардуми – маҳорат, матонат, ҳиммат, ҷасорат, садоқат, фазилат, шарофоат, масъулият, адолат, самимият ва муҳаббат, Эмомали Раҳмон дар як муддати кўтоҳи таърихи муҳимтарин дастоварди  башари -- сулҳу субот, амнияту ҳамбастаги, ваҳдат ва оромиши миллию мардумиро дар минтақа фароҳам овард.

Маълум аст, ки сохтор ва дастгоҳи фалаҷшудаи давлати, ки нимаи дуюми моҳи ноябри соли 1992 ба Эмомали Раҳмон мерос монд, на тармим, балки эҳё ва бозтавлидро талаб мекард. Ба таъбири дигар, Роҳбари давлат бояд давлат ва салтанати ба муқтазиёти замон мутобиқро заминагузори мекард ва пешорўйи Эмомали Раҳмон мушкилоти сангин қарор дошт. Пеш аз ҳама, зеҳни Савари давлатро он замон (воқеан, имрўз ҳам Президенти ҷумҳури амнияти милли ва тафоҳуми мардумиро асоси фаъолияти рўзмарра қарор додааст ва ҳамеша болои ин нукта тамаркуз мекунад) оромиши иҷтимои, субот ва амнияти сиёси ва бар мабнои он, баргардонидани муҳоҷирони иҷбори аз хоки АфҒонистон банд карда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, мардуми Тоҷикистон соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқи Президентро интихоб ва Конститутсияи миллиро қабул намуд. Раъйи мардум  сўйи мардумсолори, ҳуқуқбунёди ва дунявият гироиш пайдо намуд ва ин роҳи муваффақ то имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамсафар аст.

Ба сифати ҳадафи стратеги қарор додани бозгашти муҳоҷирон ба ватан, оромиши куллиро дар тамоми манотиқи ҳассоси ҷумҳури таъмин намудан, ба сулҳ ва ифоқаи милли расидан ва ниҳоятан, ҳамвор сохтани роҳи ноҳинҷори сиёсию мафкурави миёни шаҳрвандон ва ҳамватанон масири ҳаракати сиёсати мақбули Сарвари давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро вусъати тоза бахшид.

Таъкид кардани  ин нукта зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон дар он солҳо аз тариқи минбарҳои ватанию хориҷи бо эҳсоси баланди масъулият ва самимияти вежа перомуни масоили ҳассоси милли ва манофеи давлати суҳбат мекард. Баъзан дар ҷаласаҳои ҳукумати ва Шўрои Олии вақт ба кўрдилон, бадхоҳон ва фурсатталабоне, ки дар дохили ҳукумат кор мекарданд ва ошкору ниҳони алайҳи ҳадафҳои ниҳойии Сарвари давлат шўру тавтеа меандохтанд, рўйирост муқобилият мекард. Ҷуръат, ҷасорат, масъулият, шарофат ва инсонияти Эмомали Раҳмон имкон дод, ки бо душманони дохилию берунии давлати ҷавони милли рўйирост даргир шавад ва нагузорад, ҳадафҳои милли ва манофеи давлати дар бозиҳои пасипардагии сиёси барҳадар раванд.

Истиқлолияти сиёси ва давлати, ки арзиши олии инсони маҳсуб меёбад, дар натиҷаи амали гардидани барнома ва стратегияҳои ин иҷлосияи таърихи побарҷо мондааст. Дар ин хусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон таъкид кардаанд: «Иҷлосияи XVI Шўрои Оли бо тақозои таърих на танҳо тифли дар гавҳора будаи Истиқлолиятро наҷот дод, балки тақдири ояндаи онро муайян сохт ва Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба сўйи ҷомеаи мутамаддин ва арзишҳои волои башари ҳидоят намуд». Аз ин ҷост, ки ба таври бояду шояд шинохтан ва қадр намудани арзишҳои сиёси, мадани ва давлатдории милли, ки натиҷаи ҳамин Иҷлосияи сарнавиштсози Шўрои Оли ба ҳисоб рафта, минбаъд масири сохтмони давлати миллиро дар марҳилаи нави таърихи таъйин кардааст, вазифаи ҳар фарди солимақли ҷомеа мебошад.

Албатта, давлатдори ва мудирияти сиёси кори ҳар кас нест, чуноне ки як зумра назарияпардозони дохилию хориҷи мепиндоранд. Ба дараҷаи пешвои сиёси ва ниҳоятан, лидери милли сабзидан маҳорат, таҷриба, сиёсат ва ҷуръату масъулияти фавқулодаро тақозо менамояд. Инҷост, ки байти машҳури Хоҷа Ҳофиз пеши назар меояд:

На ҳар кӣ тарҳи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст,

Кулаҳдорию ойини сарварӣ донад.

Раҳонидани Тоҷикистон аз вартаи ҷанги шаҳрванди, наҷоти марзу буми милли аз нобудию завол, хунсо кардани нақшаҳои шуми бозигарони сиёсии минтақави ва беруни, барқарор кардани хоҷагии халқи ҷумҳури, ки дар ҳоли порагаштан ва нобуди қарор дошт, билохира сохтани давлати милли силсилаи иқдомотеанд, ки Эмомали Раҳмон минҳайси Раиси Шӯрои Олӣ ва минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иҷлосияи XVI Шўрои Оли шурўъ карда, то ба имрўз анҷом дода истодаанд.

Замоне ки мардум ва ҷомеаро хатарҳои гуногун аз ҳар тараф таҳдид мекунанд,  шахсиятҳои варзидае рўйи кор меоянд, ки миёни омма аз маҳбубияти вежа бархўрдор буда,  бо бархўрдори аз таҷриботи сиёси, давлатдори, фикри, эҷоди ва дар маҷмўъ, ҳирфави ва бо мадди назар гирифтани шароит ва вазъи минтақавию ҷаҳони, ҷомеаро дунболи худ бурда, аз таҳдиду хатарот эмин медоранд. Дар чунин вазъи ногувори ташаннуҷи бозиҳои геополитики ба хотири ҳифзу нигаҳдошти тамомияти арзи ва ҳувияти милли атрофи раҳбар ва лидери сиёси, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муттаҳид шудан амри зарурӣ ва воқеияти имрӯзӣ ба ҳисоб меравад.

 

Н. Нуров,

устоди ДДФСТ ба номи М. Турсунзода

14 ноябри соли 2019, панҷшанбе, соати 15:20

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3075
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:15255
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48854
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690774

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?