Матни равон


Роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ, ки айни ҳол аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта, дар Аврупо паноҳ бурдаанд, ба ҳар роҳ мекӯшанд аз хориҷи кишвар истода ба сўи Тоҷикистон санге андозанд. Онҳо мехоҳанд ТТЭ ҲНИ - ро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ва худро ҷабрдида вонамуд кунанд, то аз дастгирии молиявию маънавии созмонҳои аврупоӣ ва сарпарастони хориҷиашон бархӯрдор бошанд.

Онҳоро бухсу ҳасад ва нотавонбини чунон зер кардааст, ки ҳатто аз сафарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳо ва дигар кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Аврупои дилтангу нигарон гардида, ҳамеша бо баҳонаҳои хушку холи ба мисли он ки гўё Сарвари давлат “тариќи пинҳонба кишварҳои Аврупои сафар меунанд”, гўё ба “хотири манфиати шахси мераванд” ва монанди инҳо шиорпартои мекунанд. Чунин як шиорпартоии бемантиќу ҳарисона чанде пеш дар сомонаҳои беноми ин ташкилоти терористи экстримисти ќабл аз сафари Президент ба Аврупо пайдо гардид. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамон рўзе ки ин хабар пайдо гардид, ки гўё роҳбари давлат тариќи пинҳони ба Аврупо сафар мекунанд, Пешвои миллат вакилони Аврупоро дар Душанбе ба ҳузур пазируфтанд ва бо онҳо суҳбатҳо ҳам доштанд.

Ин худобехабарони худбохта ҳиҷ гоҳ ҷонибдори Тоҷикистони азиз набуданду нестанд ва ҳамеша бо ҳар роҳу восита кўшиш намуданд аз Тоҷикистон чизеро баранду чизеро аз худ кунанду мардумро ба доми фиреб андозанд. Ин кор ба ҷое расид, ки мардум аз найрангбозиву фитнаи онҳо огоҳ гардида ,аз роҳбарияти кишвар хост фаъолияти онҳоро дар ҳудуди Тоҷикистон ќатъ намоянд. Чун ҳодисаи соли 2015 дараҷаи аълои бесарусомонии аъзоён ва роҳбарони ин ҳизби терористи дар замони Истиќлолиият буд. Бо ҳамовози ба ќарори ќабулнамудаи Тоҷикистон дар мавриди терористи эълон намудани ин ҳизб бархе аз созмонҳои байналмилали низ терористу экстимист будани ҲНИ-ро эътироф намуданд.

Вале то ҳанўз ин худбохтагони манќурт мехоҳанд бо ҳар роҳу восита ба сўи Тоҷикистон санг зананд ва ё бо маблаѓгузории хоҷагони хориҷиашон бо таъсиси сомонаву гурўҳҳои махсус дар шабакаҳои иҷтимои номи Тоҷикистонро доѓдор намоянд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти Роҳбари давлат шаффоф буда, ҳиҷ ваќт пинҳони ба ҳиҷ маҳале ё кишваре сафар намекунанд. Вактҳои охир сафарҳои роҳбари давлат ба минтаќаҳои Тоҷикистон ва рўҳияи идонаи мардум гувоҳи ин гуфтаҳост. Ё ин ки ширкат дар фаормуҳои байналмилали, минбарҳои бузурги ҷаҳони, ки ќариб ҳар сол чандин маротиба роҳбари тоҷикон дар ин минбарҳои баланд на танҳо баромад, балки пешниҳодҳои муфид ҳам барои ҷомеаи ҷаҳони мекунанд, ки ҳамеша ќобили ќабул дониста мешавад,  мисоли ин гуфтаҳост. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавриди эълон гардадани “Солҳои оби тоза” ва “Об барои рушди устувор” аз мисолҳои рўшани он мебошад.

Ҳамчунин, тавре ба ҳамагон маълум аст, дар ҷараёни ҳар як сафари хеш Президенти кишвар бо як шодмони ва хушҳоли ба кишвар бармегарданд, чун аниќ аст, ки ҳар як сафар дар пай имзои созишномаву ќарорҳои нави ҳамкори ва густариши ҳамкориҳои наву созандаро дар бар мегирад. Ҳар боре ки роҳбари давлат ба як кишвар сафар мекунад, садҳо созишномаву ќарориҳои нав дар мавриди рушди соҳаҳои мухталифи Тоҷикистон имзо ва амали мешавад. Баъди ин сафар ҳамоно ин кишварҳо ба Тоҷикистон сармоягузори мекунанд ва ҳамкории густурдаи худро ба роҳ мемонанд.

Мантиќан низ ҳиҷ наметавон гуфт, ки роҳбари як кишвар пинҳонӣ ба як давлати дигар сафар кунад. Ин сафари як одами одди нест, ки пинҳони сурат гирад. Ҳамаи он аз рўи протокол ва расмиёт аст, ки пештар мувофиќа мешавад.

Роҳбарон ва аъзоёни ташкилоти терористи ва экстрмитсии наҳзат, ки худ ҳамеша пинҳони ба кишварҳое, ки хоҷагонашон ба сар мебаранд, сафар мекунанду бо халтаҳои пури маблаѓҳои ҳароми хоҷагонашон баргашта бар зидди Тоҷикистон сангпартои мекунанд, фикр мекунанд, роҳбари як давлат низ ҳамин гуна пиннҳони сафар мекунад. Вале ин тавр нест. Роҳбари давлат ҳиҷ гоҳ пинҳони ба як кишвари дигар мисли шумо-наҳзатиҳо сафар нахоҳад кард ва ҳар сафари Пешвои миллат мисли оина ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҷаҳон маълум аст. Ва ҳар як сафари роҳбари давлат дар пай навигариву ҳамкории густурдаро дар пай дорад.

 

Ёралии Набӣ

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:555
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2870
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3425
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:24596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:64127
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7603972

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?