Матни равон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ҳамчунин ба бунёди Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо ҷойгиркунии майдони Нишон ва Парчами давлатӣ санги асос гузоштанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки боғи  мазкур дар деҳаи Шаҳринави Ҷамоати деҳоти “Деҳибаланд” ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати умумии 6 гектар сохта мешавад.

Иншооти мазкур давоми ду сол бо тарҳи зебову замонавӣ бо ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар ҳудуди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ноҳия бо назардошти арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ Парчами миллӣ бо баландии 55 метр ва Нишони давлатӣ бо баландии 33 метр сохта мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, дар иншооти бунёдшаванда ба хотири истироҳату фароғати сокинон ва баргузории чорабиниҳои идона дар дохили боғ бунёди Амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, 5 адад фаввора, 4 майдонча барои бозии кӯдакон, нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, ду таваққуфгоҳ ва бунёди чандин иншооти дигари ёрирасону хизмтрасонӣ дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин дар дохил ва атрофи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ шинонидани 500 ниҳоли дарахтони ороишиву сояафкан ва насби 100 адад таҷҳизоти равшанидиҳанда дар назар аст. Масоҳати 4 гектар замини назди боғ низ сабзапӯш карда мешавад.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи мазкур Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки  Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ва Нишону Парчами давлатиро дар муҳлати муайяншуда, яъне то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосири сохтмонӣ бунёд намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2618
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2548
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:19316
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18592
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:58969
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:83055
mod_vvisit_counterҲамагӣ:2158469

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?