Матни равон

Ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар корхонаи “Апрелевка”  якҷоя бо кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Гулистон  ҳамоиш таҳти унвони “Поянда бод – Ваҳдати миллӣ” баргузор гардид. Ҳамоишро директори генералии ҶМТКММ “Апрелевка” Бахтиёр Маҷидов бо сухани муқаддимавӣ кушод. Сипас раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон Муслимахон Ҷамолиён, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Сайдуллои Баҳодур перумони  Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа алоқаманд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо иттиҳодии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ, вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон дар даврони истиқлолият ба самти нави рушд қадами боэътимод ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо - сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ба чашм расида, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат мерасонад. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба кишвари сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт.

Ҳамзамон, 4 нафар пешоҳангони соҳаи саноати кӯҳӣ барои иштироки фаъолона дар тарғибу ташвиқи ғояҳои созандаи ҳизб бахшида ба  Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон сарфароз гардида, 32 нафар пешқадамони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳрак дар вазъи тантанавӣ ба сафи ҲХДТ қабул гардида, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2456
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14636
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48235
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7690155

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?