Матни равон

Сафари кории Раиси шаҳр ба КонсойДирӯз,17 июн Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода ҷиҳати шиносоии наздик ва огоҳӣ аз вазъи масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ якҷо бо  сарварони сохторҳои қудратӣ ва мудирони шуъбаю бахш ба шаҳраки Консой сафари корӣ анҷом дод. Нахуст ба Маркази таълимии истеҳсолии қолинбофии дастӣ (сарвараш Қумрӣ Одинаева), ки бо дастури Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ таъсис ёфтааст, ташриф овард.

Бино ба иттилои роҳбари Маркази таълимӣ дар ин ҷо 20 нафар занону духтарон касби қолинбофиро омӯхта, ҳоло аз пайи фаъолиятанд. Хатмкардагони Маркази таълимӣ-истеҳсолии «Шероз»-и маркази вилоят Саломат Абдураҳмонова, Муҳаббат Ҳошимова, Раъно Самадова, Робия Шерматова ва Насиба Абдураҳмонова ба аъзоёни маҳфил нозукиҳои касби қолинбофиро омӯзониданд. Шаҳодатномаи хатмкардагони Маркази касбомӯзии шаҳри Қайроққум, ки дар назди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ фаъолият дорад аз ҷониби Раиси шаҳр ба соҳибонаш супорида шуд.

Сафари кории Раиси шаҳр ба КонсойДар ҷараёни сафари кории Раиси шаҳр, худи ҳамин рӯз ба 45 нафар бошандагони шаҳрак қитъаи замини наздиҳавлигӣ тақсим шуд. Баъдан дар толори ҶМ ТКММ «Апрелевка» вохӯрии Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо сокинону фаъолони шаҳрак доир гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум ба муроҷиати шаҳрвандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Моҳияти аввалиндараҷа доштани масъалаи мазкур дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид гардидааст. Асоси арзу шикоят ва дархости муроҷиаткунандагон ба ҷудокунии  қитъаи замини наздиҳавлигӣ, масоили иҷтимоии шахсӣ марбут буд. Баҳри қонеъ гардонидани талаботи шаҳрвандон ва бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдошта оид ба муроҷиатҳои  хаттию шифоҳии шаҳрвандон Раиси шаҳр ба масъулини соҳаҳо супориш дод, то дар ҳалли мусбии ҳар як дархосту хоҳиши муроҷиаткунандагон чораҳои фаврӣ андешанд.

Дар арафаи оғози моҳи шарифи Рамазон Раиси шаҳр кори хайреро роҳандозӣ карда, ба  чанд оилаю ашхоси ниёзманд маводҳои хӯрока, аз қабили орд, биринҷ, равған  супорид.

Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова, прокурори шаҳр Абдуллоҷон Абдуллозода, сардори шуъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Қайроққум Саидаҳмад Маҳмадҷонзода ва директори ҶМ ТКММ «Апрелевка» Бахтиёр Маҷидов низ дар сафари корӣ Раиси шаҳрро ҳамроҳӣ намуданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:3693
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2713
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11115
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:89502
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7629347

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?