Матни равон

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 20-уми июли соли равон нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода доир ба ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли 2018 баргузор гардид.

Дар нишасти матбуоти намояндагони беш аз 27 васоити ахбори оммаи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр ширкат варзиданд.

Дар ибтидо Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми нимсолаи якуми соли равон иттилоот дод. Қайд гардид, ки корхонаҳои саноатӣ дар нимсола ба маблағи беш аз 1,8 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 33,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 36,5%-ро ташкил дод. Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд. Ба иқтисодиёти шаҳр 254 млн. сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардид, ки аз он 211,7 млн. сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 42,3 млн. сомонӣ инвеститсияҳои дохилиро ташкил медиҳад. Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ дар ин давра ба аҳолӣ 34,7 млн. сомонӣ (104,4%) буда, нисбати соли гузашта ба маблағи қариб 3 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Музди маоши миёна дар шаҳр 1776 сомониро ташкил дод. Барномаи дурнамо 122,6 фоиз таъмин гардид.

Сипас ба саволҳои нашрияҳои “Ҷумҳурият”, “Садои мардум”, “Халқ овози”, “Ҳақиқати Суғд”, Омӯзгор”, “Тоҷикистон”, “Азия-плюс”, “Кайҳон”, Шуълаи умед”, “Замон”, телевизиони вилояти Суғд, телевизионҳои  “Танин”, “Диёр” ва радиои “Замон” доир ба нақшаи омодагиҳо ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, фаъолияти Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, амнияти сайёҳон, вазъи ҷинояткорӣ, танзими расму оинҳо, фаъолияти хоҷагии моҳипарварӣ, вазъи муассисаҳои таълимӣ, кор бо муроҷиати шаҳрвандон, маданияти шахрдорӣ, иштироки корхонаҳои муштарак дар ободонӣ ва бунёдкорӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, рушди сайёҳӣ, вазъи саноати шаҳр, таъминот бо об, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷудошавии оилаҳо ва монанди ин посухҳои қонеъкунанда дода шуд.

Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вилояти Суғд Муқимӣ Давлатзода иштирок намуд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2248
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3186
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14428
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:48027
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7689947

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?