Матни равон

Аз рӯи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, тайи чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон баланд шудани ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад. Пас  гармои тамузро чи гуна пушти сар кардан даркор аст? Мутахассисон маслиҳат медиҳанд:

— барои гармиро ба осонӣ гузаронидан ташнагиро дуруст бояд шикаст. Ба шахсони калонсол дар ҳарорати зиёда аз 30 дараҷа гармӣ зарур аст, ки ҳар рӯз на камтар аз се литр об истеъмол намоянд. Ин меъёри ҳадди ақал буда, ба организм имкон медиҳад, ки талафоти моеъ ва моддаҳои минералиро барқарор кунанд;

— барои шикастани ташнагӣ дар гармӣ шарбати на он қадар ширини табиӣ айни муддаост. Дар гармӣ нӯшидани чойи кабуди гарм (бе шакар) бисёр муфид аст. Он ҳам ташнагиро мешиканаду ҳам ба саломатӣ фоидаи калон дорад. Ҳамчунин нӯшидани обҳои минералӣ, нӯшобаҳои на он қадар ширин ва квас тавсия дода мешавад;

— истеъмоли меваву сабзавоти дорои фоизи муайяни об (помидор, бодиринг, тарбуз) ба захира намудани об дар организм кумак мерасонад. Бо истифодаи онҳо дар ғизо Шумо на танҳо ташнагиро мешиканед, балки ҳамчунин захираҳои организмро бо минералҳо ва витаминҳо таъмин месозед;

— дар ҳавои гарм аз нӯшидани қаҳва ва дигар нӯшокиҳои дорои кофеин, машруботи спиртӣ, нӯшокиҳои ташнашикан (ба монанди фанта, кола, пепси, спрайт ва ғ.) беҳтар аст, ки худдорӣ намоед. Онҳо ба ҷуз зарар чизи дигаре ба саломатӣ намеоранд: кофеин, спирт ва шакар беобшавии организмро метезонанд, фишорро баланд мекунанд ва ба рагҳо сарбории зиёдатиро фароҳам меоранд;

— дар гармои тамуз аз истеъмоли хӯрокҳои шӯр, тунд ва миҷозашон гарм худдорӣ намоед. Ба ҷойи шӯрбои равғанӣ метавонед дар ин фасл аз хӯрокҳои сабук, ба мисли «зеленқй борғ», лаблабушӯрбо, окрошка ва ғайраҳо истифода намуд. Бештар сабзавоту меваҷот истеъмол намоед;

— ҳангоми гармои тамуз интихоби дурусти либос аҳамияти муҳим дорад. Он бояд кушод, озод ва аз ҳама муҳим, шинаму гуворо бошад. Ба либосҳои ранги равшан, ки аз маҳсулоти пахтагӣ омода шудаанд, афзалият дода шавад.

Таҳияи аз Интернет


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:115
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4774
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17138
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23588
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:70691
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7712611

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?