Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди таърихи навини миллати сулҳдӯсту фарҳангсолори мо маҳсуб меёбад.

Тамоми мардуми сарбаланди шаҳри Гулистонро бо ин рӯзи саид ва фархунда табрик мегӯям ва ба хонадони кулли сокинони шаҳри азизамон саодату хушбахтӣ ва барои Тоҷикистони азизамон оромиву ободӣ ва ваҳдати миллии ҷовидонӣ орзу менамоям.

Ҳанӯз аз ибтидои соҳибистиқлолӣ тамоми талошу пайкори мо дар ҷодаи бунёди давлатдории миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба матлабу мақсади олӣ, яъне таъмини ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми Тоҷикистон асос ёфта, дарки ягонагии сарнавишти таърихӣ ва ҳифзи асолати милливу фарҳангӣ дар маркази фаъолияти давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон мо қарор дошт.

Расидан ба сулҳ ва ба даст овардани Ваҳдати миллӣ аз муҳимтарин дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии мо мебошад. Дар бораи аҳамияти ин падида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисёр дақиқ иброз доштанд, ки Созишномаи  сулҳ бо арзиши  бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Раванди сулҳофарӣ дар кишвар ва татбиқи бомуваффақияти андешаи Ваҳдати миллӣ нишон медиҳад, ки дар расидан ба сулҳ ва рушди босуботи кишвар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши марказӣ ва таъйинкунанда доранд.

Тамоми дастовардҳое, ки мардуми ҷумҳурӣ дар марҳилаи ҳозира бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ ва хештаншиносиву ифтихори миллӣ, созандагиву ободкориро ҳадафи муқаддаси худ  қарор додааст, аз мавҷудияти суботи сиёсиву ҷамъиятӣ ва Ваҳдати миллӣ вобаста мебошанд, зеро ваҳдату субот роҳи ягона ва шарти ҳатмии рушди устувори сиёсӣ, иқтисодӣ, таъмини зиндагии шоиста ва ободонии кишвар мебошанд.

Дар давоми ҳашт даври музокирот, бисту як вохӯрии расмӣ ва даҳҳо мулоқоти ѓайрирасмӣ, ки қариб чор сол давом карданд, эҳсоси хусумат, шубҳа ва ноумедӣ тадриҷан аз байн рафта, ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилот ва расидан ба сулҳу ризоияти миллӣ тақвият ёфт. Маҳз барқарори сулҳ ва ваҳдати миллӣ боис гашт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлат аз хатари нобудӣ наҷот ёбад ва тоҷикон ҳамчун миллат аз вартаи маҳвшавӣ раҳо шаванд. Масъалаи сулҳу ваҳдат барои давлату миллати мо на танҳо масъалаи қатъи низоъ ва расидан ба оштиву ҳамзистӣ, балки масъалаи наҷоти миллӣ буд. Пас аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва оштии миллӣ, дар ҷомеа насли нав ва неруҳои сиёсию ҷамъиятии наве ба миён омадаанд, ки онҳо низ бояд худро дар мафҳуми фарогири Ваҳдати миллӣ амалан шарик бинанд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон на танҳо аҳамияти дохилии миллӣ, балки арзиши бузурги байналмилалӣ низ дорад.

Ҳодисаҳои мураккаби дунёи муосир гувоҳи равшани онанд, ки зиддиятҳои қудратҳои ҷаҳонӣ торафт авҷ гирифта, зуҳуроти даҳшатангези терроризм ва экстремизми диниву сиёсӣ беш аз пеш вусъат меёбанд. Ҳамзамон, дар раванди босуръати ҷаҳонишавӣ Ваҳдати миллӣ бо баъзе таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ гаштааст, ки моҳияти иттилоотӣ ва шабакавӣ доранд. Бинобар ин, мувофиқи мақсад аст, ки роҳҳои иттилоотӣ ва муосири ҳифзи Ваҳдати миллӣ низ истифода шаванд. Ваҳдати миллии комил ҳамон вақт ҷомаи амал мепӯшад, ки мо корҳои оѓозкардаи худро бо заҳмати шабонарӯзии аҳлона, софдилона ва содиқона ба анҷом расонем.

Шукр мегӯем ва шукрона аз он дорем, ки Ваҳдат насибамон гашт. Бале, тамоми ҳадафҳои мо вобаста ба ободонии Ватан танҳо дар сурати Ваҳдати воқеӣ ва сулҳу суботи устувор амалӣ мегарданд.

Имрӯзҳо дар ҳудуди шаҳри мо корҳои бунёдкоронаву созандагӣ ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, таҳти шиори «1300 рӯзи меҳнати зарбдор» баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, беҳдошти вазъи зиндагии мардум, пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқ тадбирҳои зиёд амалӣ карда мешаванд. Боиси сарбаландист, ки кулли сокинони шаҳр дар ин маъракаҳо якдилу якҷон иштироки фаъолона доранд. Симои маркази шаҳр, ҳамзамон шаҳракҳои мо тарҳи нав ва замонавӣ мегиранд. Ба шарофати Ваҳдати миллӣ, ки шаҳри мо яке аз нишонаҳои барҷастаи он ҳамчун шаҳри дӯстии халқҳо маъруф аст, дар ҷодаи таҳкими Ваҳдату Истиқлолияти Ватани азиз устуворона ва собит қадам мезанад.

Мо бояд ҳамчун ватандору ватандӯст дар замири худ эҳсоси наҷиби Ваҳдатро парвариш ва барои таҳкими он ҳамчун арзиши нодир ва азизи миллӣ кӯшишу талош намоем.

Бори дигар кулли мардуми шарафманди гулистониро бо фарорасии Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона таҳният менамоям. Бигузор ваҳдати тоҷикон, ки имрӯз таҳкиму тақвият ёфтааст, пойдору устувор ва ҷовидонӣ бошад!

Иди ҳумоюни Ваҳдати миллӣ муборак!

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:910
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4167
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17257
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:15476
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:50856
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7692776

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?