Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Субҳи имрӯз  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони аҳли ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу  зиё  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат  ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.

Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи  роҳбари сулҳофару хирадманди миллати тоҷик ба таври шоиста ороста шуда буд ва аҳли илму фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳри Хуҷанд аз Пешвои миллат бо шодию фараҳмандии беандоза пазироӣ намуданд.

Истиқболи самимии сокинони шаҳри Хуҷанд аз пуштибонии комил аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Воқеан ҳам сулҳи тоҷикон ва умуман пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.

Шаҳри Хуҷанд дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо талошу дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, сокинонаш ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд.

Имрӯз аҳли ҷомеаи шаҳри Хуҷанд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот дар кишвар арҷу эҳтироми баланду беандоза мегузоранд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1495
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3723
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8285
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:23390
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38732
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91548
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1429980

Мо дар Фейсбук