Матни равон

Дар доираи “1300 рўзи меҳнати зарбдор“ дар шаҳри Гулистон корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намудааст.

Дар ин замина рӯзи 24 май бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода корҳои мумфаршкунии кўчаҳои ба номи Исмоили Сомонӣ ва Суғдиёни шаҳри Гулистон оғоз гардид.

Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии роҳҳои мумфаршшаванда 4 километрро дар бар мегирад ва барои анҷоми корҳо аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағҳои зарурӣ ҷудо шудааст. Дар баробари мумфаршкунӣ инчунин чароғонкунии замонавии кўчаҳо, насби аломатҳо ва азнавсозии ҷўйборҳои ду канори роҳҳо низ ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ба роҳбарият ва масъулини соҳоти мухталиф  баҳри вусъати корҳои созандагӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ба истиқболи ҷашнҳои бошукўҳи кишвар корҳои ободонӣ бо азми дучанд ва сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Сокинони шаҳр аз амалишавии чунин иқдом изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки баҳри рушди соҳаҳои мухалифи шаҳр саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт.

Ҳамзамон, худи ҳамин рўз бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба 10 оилаи ҷавон - хизматчиёни давлатӣ, мутахассисони сохторҳои қудратӣ ва маорифу тандурустии шаҳр аз мавзеъи Сарбанди шаҳри Гулистон замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони шаҳрро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, изҳор дошт, ки дар ин минтақаи шаҳр дар оянда низ барои 100 нафар мутахассисони ҷавон тақсимоти қитъаи замин ба нақша гирифта шуда, ҳамчунин сохтмони мактаб ва дигар иншооти иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст.

Мутахассисони ҷавон миннатдории хешро бобати иқдом ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят иброз дошта, таъкид карданд, ки минбаъд низ баҳри пешравиву ободонии кишвар содиқона хизмат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11078
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17164
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:40016
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1523096

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?