Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба муносибати таҷлили Рузи ҷавонон дар кӯчаи Истиқлоли маркази шаҳр аз маркази савдои “Пӯлодиён” то назди майдони тозабунёди шуъбаи маориф роҳпаймоии ҷавонони гулситонӣ таҳти унвони “Мо пайравони Пешвои миллат!” бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилот, осоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ ба вуқӯъ пайваст.

Дар роҳпаймоӣ иштирокчиён дар даст шиору парчамҳои идона бо нидои мутантани “Шараф ба Пешвои миллат!”, “Шараф ба ҷавонони саодатманди даврони истиқлолият!”, “Шараф ба неруи созандаи кишвар!” ва амсоли ин бо эҳсоси баланди худшиносиву садоқатмандӣ ба Ватану сулҳу суботи кишвар қадамзанӣ намуданд. Дар раҳпаймоӣ ҳамчунин варзишгарони ҷавони шаҳр – ғолибони мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, гирандагони стипендияҳои Президентӣ, раиси шаҳр ва кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ низ ширкат доштанд.

 

Дар майдони тозатармимгардидаи назди шуъбаи маориф тантанаҳои идона ба ифтихори Рӯзи ҷавонон баргузор гардид. Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик карда, оид ба дастовардҳои ҷавонони гулистонӣ сухан ронд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Озифхон Шарифзода табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури гулистониён намуд.

Дар интиҳо консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи вилоят ва шаҳр таҳти унвони  “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2267
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3055
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:20477
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:18337
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:54920
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:59292
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1267917

Мо дар Фейсбук