Матни равон

Ба ифтихори 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии Раҳматулло Файззода сармутахассиси  раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидамин Исомаддинзода намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ягона иштирокчиии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Воҳид Самадови 94-соларо дар хонаи собиқадори ҷангу меҳнат аёдат намуданд.

Раҳматулло Файззода сармутахассиси  раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собиқадори ҷангу меҳнатро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрик намуда,  ба собиқадор ҳадяпулии Пешвои миллатро дар ҳаҷми чор ҳазор сомонӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят Саидамин Исомиддинзода собиқадорро аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шодбош намуда,  туҳфапулии раиси вилоятро дар ҳаҷми якуним ҳазор сомонӣ ва Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода дар навбати худ Воҳид Самадовро бо Рӯзи Ғалаба табрик карда, ба вай ҳадяпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрро дар ҳаҷми як ҳазор сомонӣ супориданд.

Воҳид Самадов 21-уми январи соли 1924 дар деҳаи Хистеварз тавлид ёфтааст. Моҳи октябри соли 1942 ба фронт даъват мешавад, то захм бардоштан дар хатти ҷангии Харков бо душман дар муҳорибаҳои шадид иштирок дошт. Дар моҳи августи соли 1943 ҳангоми ҷӯшу хурӯши амалиёти ҳарбӣ чун ҷавони ояндадор ӯро ба омӯзишгоҳи ҳарбии танкии шаҳри Пятигорский мефиристанд. Дар муддати кӯтоҳ ӯ нозукиҳои касби танкистиро аз худ карда, ба фронти якуми Белоруссия даъват мегардад.

Барои ҷаросату қаҳрамонӣ Воҳид Самадов дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо орденҳои «Ситораи сурх», «Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи аввал», «Шараф» - дараҷаи сеюм, ҳамчунин бо 15 медалҳои гуногуни ҷангиву ҷашнӣ мукофонида шудааст.

Бояд гуфт, ки ҳамчунин шаш нафар заҳматкашони ақибгоҳ ба ифтихорои 73-юмин солгарди Рӯзи Ғалаба бо ҳадяпулиҳои Раиси вилоят дар ҳаҷми як ҳазору дусад сомонӣ ва Раис шаҳр дар ҳаҷми 800 сомонӣ аз тарафи масъулин дар вазъи идона супорида шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:869
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13282
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:91669
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7631514

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?