Матни равон

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давоми соли 2017 ба маблағи 3 миллиарду 526 миллиону 706,2 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 114,8 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда ба маблағи 454,1 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Аз ин 99,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ тааллуқ дошта, 0,6%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорони шаҳр мансуб аст.

Дар давоми соли 2017 аз 26 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,3% то ба 1158,8% (11,6 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд.

Соли 2017 ба иқтисодиёти шаҳр 605,4 миллион сомонӣ инвеститсияҳо ҷалб гардида, аз он 578,5 миллион сомониро инвеститсияҳои хориҷӣ (аз тарафи Ширкати кўҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсолот ва харидани таҷҳизоти иловагӣ ва аз тарафи ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” барои рушди соҳаи қолинбофӣ) ва 26,8 миллион сомониро инвеститсияи дохилӣ (аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ) ташкил дод.

Корхонаҳои саноатии шаҳр бо 23 кишвари ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ ба роҳ монда, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 228 миллиону 186,70 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 85 миллиону 735,74 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дода, фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 2,7 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмўъ гардиши савдои хориҷӣ 313 миллиону 922,44 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рўи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.  Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 35,7 фоизро ташкил дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

Эълонҳо

  • 1
  • 2

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

БА ДИҚҚАТИ РОҲБАРОНИ КОРХОНАВУ МУАССИСА, ИДОРАВУ ТАШКИЛОТ, СОҲИБКОРОН ВА САХОВАТМАНДОН

Маблағҳои хайриявии худро барои дастгирии маъюбон, шахсони барҷомонда, ниёзмандон ва ободонии маҳал ба суратҳисоби зерин...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:57
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2454
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:11010
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17164
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:39948
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:91832
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1523028

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?