Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ва умуман ба мардуми шарифи Тоҷикистон ироа мегардад, ки дар он масъалаҳои муҳиме, ки ба тақдири миллат ва сарнавишти Ҳукумат бастагӣ доранд, мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор мегиранд.

Дар Паёми навбатии хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таваҷҷуҳ зоҳир намудан ба масоили мухталиф пешниҳод намуданд, ки соли 2018 дар ҷумҳурӣ Соли рушди туризм ва ҳунарҳои миллӣ эълон карда шавад. Дар воқеъ, рў овардан ба ин масъала талаботи замон ва тақозои вақт буда, фурсати он расидааст, ки барои ташаккул додани туризм дар кишвар шароит фароҳам оварда шавад. Масъалаи марбут ба туризм мавзўи алоҳида буда, мо мехоҳем дар ин навиштаи хеш оид ба эҳё ва ташаккули ҳунарҳоли миллӣ ва масоили марбут ба он ибрози андеша намоем.

Зикр намудан бамаврид аст, ки дар баробари нишонаву аломатҳои дигар ҳунарҳои миллӣ бозгўкунандаи таърихи миллат ва гузаштаи он мебошанд. Хосса дар замони имрўз, ки ҷаҳонишавӣ бо саръати бесобиқа ҷараён дошта, нишонаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мадумиро ба коми фано бурда истодааст, таваҷҷуҳ намудан ба ин масъала баёнгари ғамхории воқеӣ мебошад. Диққат додани Пешвои хирадманди миллат ба масъалаи эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки таърихи гузаштаи кишвар ва имрўзаву ояндаи он барои ин сиёсатмадори фарзона ҳовии арзиши воло мебошад. Зеро хуб дарк кардаанд, ки имрўз як даста ҳунарҳои мардумӣ ба дасти фаромўшӣ супурда шуда, дигар касе ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намекунад ва онҳо барои ҳамешагӣ аз хотираҳо зудуда мешаванд. Иддае ҳунарҳои мардумиро бо чашми кам дида, даъвои онро доранд, ки эҳё ва дубора ривоҷ додани онҳо ҳоҷат нест.

Бояд гуфт, ки ин андеша иштибоҳе беш нест. Ба он хотир, ки фаромўш кардани анъана ва ҳунарҳои миллӣ дар замони пуртазоди муосир, ки халқиятҳои зиёд барои ба дараҷаи миллат расидан бо тамоми ҳастӣ талош доранд, камранг намудани ҳувият ва худогиҳии миллат мебошад. Замони имрўз тақозо дорад, ки пояҳои миллӣ ва масоиле, ки ҳастии миллатро таҳким мебахшанд, густариш дода шаванд. Рў овардан ба ҳунарҳои миллӣ ва равнақ бахшидани онҳо маънои онро дорад, ки миллати тоҷик аз азал ҳунарманду ободкор буду имрўз низ ҳаст ва бояд ин рисолати таърихии худро фаромўш насозад. Тарҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки таваҷҷуҳ намудан ба масъалаи ҳунарҳои мардумӣ ба ин бахши зиндагии мардум такони ҷиддӣ ворид мебахшад. Бо туфайли эълон гардидани соли 2018 Соли рушди туризм ва ҳунарҳои миллӣ чандин анъанаи ҳунарии мардум, ки ташаккули илму техника онҳоро ба дасти фаромўшӣ супорида аст, дубора эҳё гардида, чандин ашхоси бекор бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1196
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1926
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8250
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:12786
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:36954
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:56873
mod_vvisit_counterҲамагӣ:874839

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар