Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳамшаҳриёни азиз!

Дар марҳилаи нави рушд, ки Ватани соҳибистиқлоламон ба он ворид гардидааст, соли 2017 бо рӯйдодҳои фараҳбахш ва илҳомбахш – ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҷлили ҷашнҳои ҳумоюни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 26-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон рост омад. Дар ин соли пурфайз мардуми шаҳру шаҳракҳо ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ ноил гардида, дар шукуфоии кишвар саҳми босазо гузоштанд.

Дар партави сиёсати оқилонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат таҳким ва тавсеаи рушди бомароми иқтисодӣ ва дастовардҳои назаррас дар ҳама ҷабҳаҳои фаъолият соли 2017-ум таъмин карда шуд. Дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳр беш аз 3,2 миллиард сомониро ташкил дод. Имрӯз шаҳри саноатии мо беш аз 35 фисади ҳаҷми маҳсулоти вилояти Суғдро таъмин намуда, зиёда аз 93 намуди аслии маҳсулотро истеҳсол мекунад. Шаҳри Гулистон бо 23 кишвари ҷаҳон робитаҳои иқтисодӣ дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот назар ба соли 2000-ум 354 маротиба афзудааст. Шаҳри мо дорои имкониятҳои калони рушди соҳаи туризм буда, ташрифи сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ сол аз сол ба маротиб зиёд мегардад. Ин нишондиҳандаҳои арзанда ва комёбии калони гулистониён мебошад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи Истиқлолияти давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва эътиқоди сокинони шаҳр ба сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои сурурбахш мо бо ҳама дастовардҳои меҳнатӣ соли 2017-умро гусел ва соли нави мелодии 2018-умро бо эътимоди комил ба фардои дурахшон пешвоз мегирем. Гулистониён бо ифтихормандӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ ҳамеша кору пайкор доранд. Анъанаву таҷрибаи пешқадаму некро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ густариш ва таҳким мебахшанд.

Итминони комил дорам, ки соли нави милодӣ низ барои мардуми кишвар, аз ҷумла, сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» соли саодату иқболи нек, соли иқдомҳои наҷибу дастоварҳои меҳнатӣ хоҳад шуд. Соли 2018-ум бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Воқеан, шаҳри мо шаҳри сайёҳӣ буда, ин иқдом гулистониёнро беш аз пеш ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят менамояд. Бале, соли нав ба дӯши мо масъулияти баландро гузошта, муваззаф менамояд, ки дар ҳамаи самтҳо фаъолияти хешро густариш дода, барои таҳкими дастовардҳои маънавию моддии миллӣ, ободонӣ, хуррамӣ ва сарсабзии кишвари азиз ва ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ талош намоем.

Ҳамагонро самимона бо фарорасии Соли нави милодӣ муборакбод гуфта, бароятон тандурустӣ, саодатмандӣ, дасторхони пурнеъмат ва дастовардҳои нав ба нави меҳнатиро таманно дорам.

Соли нави милодӣ муборак бошад, ҳамшаҳриён!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:365
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1832
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:3925
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:11596
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:44248
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64162
mod_vvisit_counterҲамагӣ:728109

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар