Сатри равон
(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҳисоботи Раиси шаҳри Гулистон Сатториён Матлубахон Амонзода оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ёздаҳ моҳи соли 2017

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ фаъолияти худро ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмолмалӣ Раҳмон барои иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии кишвар ва сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, барои дар сатҳи баланд ҷараён гирифтани ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла истиқболи созандаи 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ, 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва пайванди онҳо бо самтҳои фаъолияти худ аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бурд.

РАФТИ ИҶРОИ ҚАРОРУ ФАРМОИШҲОИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА АМРУ ФАРМОНҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар давраи ҳисоботӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 2 Амр ва 4 Фармони Президенти мамлакат, 7 қарор ва 5 фармоиши Ҳукумати Тоҷикистон, 3 қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 70 қарори Раиси вилояти Суғд ворид гардида, таҳти корбарӣ ва назорати махсус қарор дода шуданд ва мувофиқи муҳлатҳои муқарраргардида оид ба рафти иҷрои ин санад ахбор пешниҳод гардид. Дар ин давра инчунин ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 124 супориши Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ворид гардида, дар натиҷаи ташкили назорати иҷро ва корбарӣ бо супоришҳои мазкур ахбор ба унвони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ирсол карда шуд.

Дар ёздаҳ моҳи сипаришуда 11 маротиба машваратҳои коллегиалии раиси шаҳр, се иҷлосияи Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳр ва се ҷаласаи фаъолони шаҳр ба вуқӯъ пайвастааст.

ВАЗЪИ ИҶРОИ БУҶЕТ

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2017 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 116,2 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашта, иҷрои нақшаи пешбинишуда 118,3 фоиз таъмин шуд. Дар натиҷа ба буҷет 17 миллиону 990,0 ҳазор сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ 34,9 миллион сомонӣ ё 112,7 фоиз ба иҷро расонида шуда, зиёда аз нақша 3,9 миллион сомонӣ маблағ ворид шуд. Аз ёздаҳ намуди андозҳо танҳо ду намуди андоз: андоз аз арзиши иловашудаи дохилӣ ва андоз барои захираҳои табиӣ таъмин нашуд.

Воридоти барзиёдии андозҳо ба қисми даромади буҷет имкон дод, ки маблағгузории соҳаҳои мухталифи иҷтимоии шаҳр саривақт таъмин карда шаванд. Дар натиҷа нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 104,8% иҷро гардид. Танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ - маориф ва тандурустӣ 23,0 миллион сомонӣ ё 67,3% маблағи буҷет равона гардид.

Дар ин давра иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 35 миллиону 644,7 ҳазор сомонӣ иҷро гашт, ки баробар ба 101,6% мебошад.

ГАРДИШИ САВДОИ ЧАКАНА ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ПУЛАКӢ БА АҲОЛӢ

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 ҳаҷми гардиши фурӯши моли чакана 46 миллиону 428,4 ҳазор сомонӣ мебошад, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 112,8%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 62 миллиону 167,1 ҳазор сомонӣ буда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2016 ба маблағи 1 миллиону 238,5 ҳазор сомонӣ зиёд, яъне ба 102,0% баробар мебошад.

ӣАЛБИ САРМОЯГУЗОРҚ

Ба иқтисодиёти шаҳр 605,4 миллион сомонӣ ин- веститсияҳо ҷалб гардида, аз он 578,5 миллион сомонӣ инвеститсияҳои хориҷӣ ва 26,8 миллион сомонӣ инвес-титсияи дохилиро ташкил дод.

ВАЗЪИ СОҲАИ САНОАТ

Корхонаҳои саноатии шаҳри Гулистон дар давраи ҳисоботӣ ба маблағи 3 миллиарду 171 миллиону 282 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 117,7 фоизро ташкил дод. Аз ин 99,4%-и ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолгардида ба корхонаҳои саноатӣ мутааллиқ буда, 0,6%-и он ба хизматрасонии пулакӣ ва ба бахши соҳибкорӣ мансуб аст.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 26 корхонаи саноатии шаҳр 18-тои (69,2%) онҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,1% то ба 1077,3% (10,8 маротиба зиёд) расонида, иҷрои онро барзиёд таъмин намуданд. Бо вуҷуди ин дар 2 корхона (7,7%) ҳаҷми истеҳсол коҳиш ёфта, 2 корхона (7,7%) барҳам хӯрда, 4-тои дигар (15,4%) бино ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва ба фурӯш нарафтани маҳсулоти истеҳсолшуда аз фаъолият бозмонданд.

Дар корхонаҳои саноатӣ истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд: аз ҷумла, дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2017 корхонаҳои саноатии шаҳр 259,2 ҳазор тонна консентрати сурб, рӯҳ ва хокаи мис, 36 ҳазору 653,5 тонна орд, 11 ҳазору 173,7 тонна сабӯс, 2612,6 тонна комбикорм, 417,5 метри мукааб маҳлули бетонӣ, 3006 метри мукааб сенвич панел, 189,1 тонна конструксияи оҳан, 11424 метри мукааб регу сангмайда, 4 миллиону 787,9 ҳазор дона зарфҳои шишагин, 108 ҳазору 200 метри мураббаъ шишаи сохтмонӣ, 734 ҳазор метри мукааб маҳсулоти оҳану бетонӣ, 764 миллиону 633,7 ҳазор квт/соат нерӯи барқ, 3000 дал спирт, 5110,5 дал машрубот, 1600,8 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ, 125,9 тонна қубури оҳанӣ, 16,0 тонна оканаи оташбардор, 2133 тонна реги кварсӣ, ба маблағи 752,8 ҳазор сомонӣ маҳсулотҳои дӯзандагӣ, 117 дона либоси мактабӣ, дар ҳаҷми 5328 метри мукааб оксиген, 1660 грамм маҳсулоти заргарии тилло, 27481 грамм маҳсулоти заргарии нуқра, 138 ҳазору 448 дона пӯсти чорво, 2380 тонна резасангҳои ороишӣ, 344 км кабел ва дар корхонаҳои хурду миёна дар ҳаҷми 12976,5 метри мукааб санги сохтмонӣ, 188,5 ҳазор дона хишти блок, 3071,5 метри мураббаъ сафолаки роҳравҳо 16875 кг оҳак ва дигар маҳсулотҳои саноатию ниёзи мардум истеҳсол намуданд.

Дар давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2017 нақ-шаи дурнамои ҷамъи корхонаҳои саноатии шаҳр 141,1% ва уҳдадории корхонаҳо 115% таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон корхонаҳои саноатии шаҳр бо 23 кишварҳои ҷаҳон алоқаи тиҷоратӣ намуда, дар ин давра ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷа ба маблағи 228 миллиону 186,70 ҳазор доллари ИМА, воридот бошад 85 миллиону 735,74 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин тзамина фарқияти содирот аз воридот дар ин давра 2,7 маротиба зиёд шудааст. Дар маҷмӯъ гардиши савдои хориҷӣ 313 миллиону 922,44 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод.

Вазни қиёсии корхонаҳои саноатии шаҳр дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 35,4 фоизро ташкил дод. Дар шаҳр 7 маркази таълимӣ-касбомӯзии атласу адрасбофӣ таъсис дода шуда, бо 24 дастгоҳ, аз ҷумла бо 14 дастгоҳи атласу адрасбофӣ, 6 дастгоҳи қолинбофӣ ва 6 мошини дарздӯзӣ муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин давра дар ин марказҳо 206 нафар занону духтарони хонашин ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ҳунармандӣ ва касбу ҳунар гардидаанд. Алҳол, 171 нафар занону духтарон дар маркази таълимӣ-касбомӯзӣ фаъолият бурда истодаанд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 дар марказҳо 5817 метр (аз аввали фаъолият 12820 метр) адрас, 250 калобаи 100 метра, 50 метр гарданбанди занона, 8 қолинчаҳо ва 225 метр алоча омода карда шудааст.

Ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ: 96,4%, аз ҷумла дар байни аҳолӣ 103,8%, аз тарафи корхонаҳои саноатӣ пардохт 98,9%, ғайрисаноатӣ 99,1% ва буҷетӣ 65,4 % таъмин гардидааст. Барои саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018 барои харидани ангишт ва сӯзишворӣ ба генератор ба муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва фарҳанг ба маблағи 188,1 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, ба миқдори 348,5 тонна ангишт, 262 метри мукааб ҳезум ва 430 литр сӯзишворӣ ва дигар маводҳо зарурӣ захира карда шуд. Нақшаи маблағгузорӣ 185,2% ва захираи сӯзишворӣ ба 101,8% иҷро гардид. Аз ҷумла, ба соҳаҳои маориф – 162 тонна тандурустӣ – 73,5 тонна ва фарҳанг - 13 тонна ангишт дастрас ва захира шудааст.

СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

Дар давраи ҳисоботӣ 28 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ дар ин давра ба маблағи 264 миллиону 452 ҳазору 500 сомонӣ иҷро гардид, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 123 миллиону 206 ҳазор сомонӣ ё 187,2 фоизро ташкил дод.

Дар ин марҳила аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 268 миллиону 201,9 ҳазор сомонӣ сармоя дар соҳаи сохтмон истифода шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,9 маротиба зиёд мебошад.

Дар ин давра фондҳои асосӣ ба маблағи 8 миллиону 957,7 ҳазор сомонӣ ба кор андохта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,6%-ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, сохтмони нуқтаҳои савдо аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 4 048,6 ҳазор сомонӣ ба роҳ монда шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли 2016-ум 1 141,4 ҳазор сомонӣ барзиёд буда, 139,3% мебошад. Корҳои пудратӣ дар ин давра ба маблағи 12 411,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардид.

НАҚЛИЁТ ВА КОММУНИКАТСИЯ

Дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба миқдори 2 миллиону 194,9 ҳазор тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ кашонида шудааст, ки 36,9 ҳазор тонна назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд, ё баробари 101,0% мебошад. Инчунин, ба 273,3 ҳазор нафар мусофирон хидмат пешниҳод гардидааст, ки назар ба ҳамин давраи соли пешин зиёд буда, мутаносибан 102%-ро ташкил медиҳад.

Дар ёздаҳ моҳи давраи ҳисоботӣ ба корхонаю ташкилотҳо 12 нуқтаҳои телефонӣ насб карда шуд. Айни замон ғунҷоиши васлшуда 3024 нуқта буда, боз 879 нуқтаи озоди дигар мавҷуд мебошад. Алҳол шумораи дастгоҳҳои телефонӣ 2145 адад мебошад.

Дар шаҳр ба корхонаю ташкилотҳо ва аҳолӣ 132 интернети баландсуръат насб карда шудааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳ 8,0 км роҳҳои автомобилгарди шаҳр таъмири асосӣ, 21,5 км таъмири ҷорӣ, 31 км шағалпӯш ва назди биноҳои истиқоматӣ ва кӯчаҳо ба масоҳати 2200 метри мураббаъ шағалпӯш карда шуд, ки 123 фоизи нақшаро ташил медиҳад.

ХИЗМАТРАСОНИИ КОММУНАЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои коммуналии шаҳр ба маблағи 5 миллиону 544 ҳазору 969 сомонӣ корҳоро ба иҷро расониданд. Дар соҳаи коммуналии шаҳр 203 нафар корманд фаъолият дорад, ки музди миёнаи маоши моҳона 689 сомониро ташкил медиҳад.

Аз тарафи шуъбаи ободонӣ дар ҳудуди шаҳру шаҳ-ракҳо, заминҳои наздиҳавлигӣ ва минтақаи истироҳатӣ ба миқдори 5762 бех дарахтони ҳамешасабз, 2909 бех дарахтони мевадиҳанда, 5070 бех сафедор, 3000 қаламчаи сафедор, 46050 гули садбарг, 207000 қаламчаи садбарг ва 172960 кӯчати гулҳои ороишии ҳархелаи мавсимӣ коштаву шинонида шуд.

Дар ин давра таъмири бом ба масоҳати 300 метри мураббаъ ба иҷро расонида шуд. Дар назди бинои истиқоматӣ чор майдончаи варзишии бачагонаи нав сохта ба истифода дода се майдончаи варзишии дохили шаҳр ва шаҳракҳо аз таъмир бароварда шуд.

Дар кӯчаҳои асосӣ хатти нерӯи барқии рӯшноидиҳанда ба масофаи 8,3 километр ва 187 симчӯби нав иваз карда шуда, чароғҳои диодии замонавии каммасраф насб ва ба истифода дода шуд. Инчунин дар кӯчаи асосии шаҳр роҳрави пиёдагардон ба масоҳати 6330 метри мураббаъ сафолакпӯш карда шуданд. Дар ин давра 12 хонаи истиқоматии бисёрошёна рангубор карда шуда, таҷҳизоти ороишию парчаммонакҳо ва 2500 метри мураббаъ шиору овезаҳо иваз гардиданд. Кӯчаи асосии ҳудуди шаҳр ба масоҳати 1500 метри мураббаъ кабудизор карда шуд.

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми апрели соли 2017, №1336 оид ба гузаронидани шанбегиҳо, дар шаҳр 25 маротиба ҳашарҳо гузаронида шуд. Инчунин қабристонҳои шаҳру шаҳракҳо ба тартиб дароварда шуда, роҳравҳо аз алафҳову хорҳо тоза ва сафолакпӯш карда шуданд.

Барои амалӣ гардонидани «Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2007-2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми декабри соли 2006, №514 қабул гардидааст, барои беҳтар намудани ҳолати таъминоти оби нӯшокӣ 9 адад насосҳои обкашии зеризаминӣ таъмир ва 3 адад нав карда шуд. Инчунин 90 биноҳои бисёрошёнаи истиқоматии шаҳр ба хатти нави оби нӯшокӣ пайваст карда шуданд. Бо мақсади самаранок ва оқилона истифода бурдани оби нӯшокӣ 4943 ҳисобченкунакҳои обӣ пайваст карда шуд. Бо мақсади иҷрои Барномаи вилоятии «Соли 2017-соли дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ» дар шаҳр тибқи нақшаи тасдиқгардида, 24,3 ҳазор метр қубурҳои обгузар таъмиру тармим ва 8,6 ҳазор метр хатти нави обгузар ба маблағи умумии 1 миллиону 181 ҳазор сомонӣ пайваст карда шуд, ки 102 фоизи иҷрои нақша мебошад.

ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҳисоботӣ дар шаҳр 17 ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти техногенӣ дошта, ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, сӯхтор 10 ҳодиса - маблағи зарар 200 ҳазору 750 сомонӣ, садамаи нақлиётӣ 7 ҳодисаро ташкил дод, ки дар натиҷа 4 нафар шаҳрвандон ба ҳалокат расиданд.

Ҳодисаи ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ва мавзеъҳои обутобгоҳҳои истироҳатии шаҳр 25 ҳодиса ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа 5 нафар ба ҳалокат расиданд ва 20 нафар аз ғарқшавӣ наҷот дода шуданд.

РОБИТА БО ҶОМЕА

Шуъбаву бахшҳои соҳаи иҷтимоӣ фаъолияти худро дар ёздаҳмоҳи соли 2017 дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барномаву стратегияҳои миллии давлатӣ, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва қарору нишондодҳои Раиси шаҳри Гулистон ба роҳ монда, корҳои муайянеро ба анҷом расониданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ, эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон, Соли дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни Наврӯзи байналмиллал, 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дигар санаҳои таърихӣ раванди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуда, дар кӯчаву хиёбонҳои маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо шиору овезаҳои доимоамалкунандаи тарғиботӣ насб карда шуданд.

Дар ин давра бо мақсади фаҳмондадиҳии вазъи сиёсӣ, таблиғоти ҳуқуқӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва дигар ҳодисаҳои номатлуб, аз ҷумла гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳиву худшиносӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим зиёда аз 89 маротиба чорабиниҳои гуногуни тарғиботиву ташвиқотӣ ба роҳ монда шуд. Дар ҳудуди маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву ташкилотҳо, муассисаву идораҳо, новобаста аз шакли моликияташон ба таври оммавӣ ва бо ҷалби зиёди аҳолӣ дар мувофиқат ва ҳамкорӣ бо намояндагони вилоят ва тарғиботчиёни шаҳр 11 маротиба Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ дар мав-зӯъҳои нақшавӣ бо иштироки тарғиботчиёни вилоятӣ ва шаҳрӣ гузаронида шуд.

Омӯзиши мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 22-юми декабри соли 2016) дар корхонаву муассисаҳо ба таври васеъ ба роҳ монда шуда, Нақшаи чорабиниҳо иборат аз 44 банд таҳия ва тасдиқ гардида, тибқи он раванди корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ тақвият дода шуданд.

Мутобиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр гурӯҳи корӣ ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти мамлакат беш аз 15 мулоқот баргузор намуданд.

Бо мақсади тарғибу ташвиқи Соли ҷавонон ва 20-солагии Ваҳдати миллӣ тибқи нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ 12 маротиба вохӯриву мулоқот доир намуд.

Мутобиқи нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бо гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тавзеҳ, тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи сентябр 15 маротиба вохӯриву мулоқот баргузор гардид.

Дар ҳудуди шаҳри Гулистон 4 ҳизбҳои сиёсӣ, 15 иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва 9 иттиҳодияҳои динӣ фаъолият мебаранд, ки мунтазам бо онҳо корбарӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон се ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии шаҳр ва ду ҷаласаи Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳр баргузор гардида, тибқи нақша масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Оид ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 622 “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлиливу танқидии воситаҳои ахбори омма” аз 7-уми феврали соли 2009 дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ дар рӯзномаи маҳалии “Соҳил” 25 маводҳои таҳлилӣ ва танқидӣ ба табъ расидааст. Ҳамзамон, дар давоми шашмоҳаи аввали соли равон интишори моҳномаи нави “Гулистони дониш” барои мактабиён роҳандозӣ гардид. Тайи ёздаҳ моҳ дар васоити ахбори кишвар беш аз 250 мавод оид ба набзи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба табъ расиданд.

Дар ин давра тибқи нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ду нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон бо намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 360 чорабиниҳои оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуданд.

МАОРИФ

Дар шаҳр 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият мебаранд. Дар муассисаҳои таълимӣ 9027 нафар хонандагон таҳсил намуда, теъдоди умумии омӯзгорон 664 нафар мебошад.

Тибқи Маркази миллии тестӣ 209 нафар соли равон ба донишгоҳҳои олӣ ва коллеҷҳои касбии кишвар дохил шудаанд, ки ин 60,1%-и хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Ҳамчунин 42 нафар ба донишгоҳҳои ИДМ, 2 нафар ба донишгоҳҳои хориҷӣ дур ва 4 нафар ба донишгоҳҳои қудратии ҷумҳурӣ дохил шудаанд, ки ин дар маҷмӯъ 69,7%-и хатмкунандагонро ташкил медиҳад. Тибқи квотаи Президентӣ Тоҷикистон 13 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои олӣ роҳхат гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 15 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳр 11 муассисаҳои таълимӣ бо мутахассис-равоншинос таъмин карда шуданд.

Теъдоди компютерҳо дар мактабҳои шаҳр ба 426 адад расида, 79 принтер мавҷуд буда, ба 11 нафар хонанда 1 компютер рост меояд. Аз рӯи барномаи давлатӣ бояд ба як компютер 15 хонанда рост ояд.

Дар шаҳр 9 муассисаи томактабии (як кӯдакистони хусусӣ) дорои 69 гурӯҳ амал карда, дар онҳо 1684 нафар кӯдакон тарбия мегиранд. Дар ёздаҳмоҳа дар доираи Барномаи Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 16 гурӯҳ бо фарогирии 329 нафар кӯдакон ташкил карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар соли хониши 2017-2018 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои таъмиру азнавсозӣ, васл намудани системаи гармидиҳии ягонаи муассисаҳои таълимӣ ва барои харидории мизу курсиву компютерҳо зиёда аз шаш миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Дар ёздаҳ моҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи шаҳр ба муассисаҳои таълимии шаҳр барои 3140 ҷои нишаст мизу курсҳои нав ва 130 компютер харида шуданд. Ба муассисаҳои таълимӣ аз тарафи сарпарастон 19 миз, 61 курсӣ ва ҷевони китобмонӣ туҳфа карда шуд.

Барои ташкил ва гузаронидани таътили тобистонаи кӯдакон ва наврасон ба 15 мактабҳои шаҳр дар ҳаҷми 100 000 (сад ҳазор) сомонӣ аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр маблағ ҷудо карда шудааст. Ду нафар кӯдакони ятими кулл ба лагери беруназшаҳрии «Шоҳин» ҷалб карда шуданд.

Дар ҳамаи мактабҳо маркази муассисавии рушди истеъдодҳо ташкил карда шуда, ҳоло 15 маҳфил ташкил карда шудааст, ки 800 нафар хонандагони лаёқатманд ҷамъ оварда шудааст.

Дар шаҳр Марказҳои инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар он 346 нафар кӯдакони то синни 6 сола ба он фаро гирифта шудаанд.

Дар маркази таҳсилоти иловагӣ 15 маҳфил амал намуда, ба онҳо 418 нафар хонандагон ҷалб гардидаанд.

Алҳол 10 нафар кӯдак аз шаҳр дар хона-парваришгоҳҳо, 2 нафар дар мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ва 4 нафар дар хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд ҷойгир карда шуда, 17 нафар ятимоне, ки дар мактабҳои шаҳр таҳсил менамоянд бо ҷубронпулӣ таъмин гардидаанд.

Дар қайди мақомоти васояту парастории назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон 89 нафар кӯдакон меистанд, ки аз онҳо 48 нафар кӯдак ба васию парасторӣ (29 нафарашон ятими кулл) ва 41 нафар кӯдак ба фарзандхонӣ гирифта шудаанд. Ҳамаи кӯдакони ба васию парасторӣ гирифта шуда, бо кумакпулӣ таъмин гардидаанд.

Дар қайди ШВКД–и шаҳри Гулистон 8 нафар ноболиғони душвортарбия меистанд, ки бо онҳо мунтазам корҳои профилактикӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 3 нафар ноболиғ 3 ҳолати ҷиноятсодиркунӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар арафаи соли хониши нави соли 2017-2018 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба 160 нафар кудакони ятими кулл ва аз оилаҳои камбизоат бо сару либоси мактаби таъмин карда шуданд.

Дар ифтитоҳи маҷмаи «Маркази оши палав» дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис-тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 нафар кӯдакони ятими кулли шаҳри Гулистон ба дастархони идона даъват гардида, ба ҳар яке онҳо сару либос, пойафзол ва 1000 сомонӣ маблағ ҳамчун туҳфа супорида шуд.

ФАРҲАНГ

Дар шаҳр 27 муассисаҳои фарҳангӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Аз ин 10 китобхонаи оммавӣ, Кохи фарҳангии Истиқлол, 7 муассисаи клубӣ, 4 мактаби мусиқии бачагона, мактаби рассомӣ, осорхонаи шаҳрӣ мебошад. Дар назди бахши фарҳанг ансамбли “Фалак” фаъолият дорад. Инчунин 2 боғи фарҳангиву фароғатӣ ба аҳолии шаҳр хизмат мерасонад. Дар китобхонаҳо махзани китоб 111951 теъдодро ташкил медиҳад. Дар мактаби рассомии бачагон фаъолият мебарад, ки дар он 68 нафар хонандагон таълим мегиранд.

Дар осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ дар ёздаҳ моҳ 90 саёҳат, 6 намоиш, 7 намоиши кории рассомони ҷавон, 10 суҳбат-вохӯрӣ, 3 конфронс ташкил ва гузаронида шуда, алҳол миқдори нигораҳо дар осорхона 2885 ададро ташкил медиҳад.

Барои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ дар ёздаҳмоҳи соли равон 112,7 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷети шаҳрӣ ҷудо карда шуд. Ҳамзамон, барои харидани либосҳои саҳнавӣ, таҷҳизот ва таъмири иншооти фарҳангӣ ба маблағи 349,5 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ равона карда шудааст. Дар маркази шаҳр сохтмони мактаби дуошёнаи санъат бо сармоягузории ширкати “Ал-Шафар”-и Арабистони Саудӣ барои 200 нафар хонанда идома дорад.

ТАНДУРУСТӢ

Дар ҳудуди шаҳр 24 муассисаҳои тиббӣ, аз он 6 беморхона, 7 марказҳои саломатӣ, 3 хонаҳои саломатӣ, 1 маркази ташхисиву табобатӣ, 1 маркази назорати давлатию санитарӣ, 3 осоишгоҳҳо, 1 маркази солимгардонии “Усмонҷон”, ва 1 маркази тибби хусусӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Таъминнокии аҳолӣ бо табибон ба 10000 нафар аҳолӣ 23 ва бо ҳамшираҳои тиббӣ 69,7 баробар аст. Дар давраи ҳисоботӣ 3 нафар мутахассисони ҷавон мувофиқи ихтисос ба кор қабул карда шудаанд. Таъминоти табибон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ 100% мебошад.

Ба соҳаи тандурустӣ дар ин давра бо қарорҳои раиси шаҳр барои таъминоти иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, таъминоти кӯдакони синнашон то 3 сола ва маъюбони модарзод, барои расонидани кӯмаки антениталӣ зан-ҳои нахустҳомила, барои хуни бехатарии донорӣ даор маҷмӯъ 59,5 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Ҳамзамон, баҳри таъмиру тармим ва барқарорсозии муассисаҳои тандурустии шаҳр дар соли 2017 аз буҷети маҳаллӣ 1,6 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, корҳо дар ин самт идома доранд. Дар ин давра барои харидани таҷҳизоти тиббӣ 405,3 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.

Аз ҷониби ташкилоти байналмиллалӣ ба маблағи 25,6 ҳазор сомонӣ дар ин давра маводҳои тиббӣ ворид гардид.

Теъдоди гирифторони вируси норасоии масъунияти одам дар шаҳр 94 нафар буда, дар давраи ҳисоботӣ 4 нафар сироятёфта ба қайд гирифта шуд. Баҳри пешгирӣ ва сари вақт дарёфт намудани ин беморӣ аз 1968 нафар таҳлили лабаратории хун барои муоина гузаронида шуда, то ба имрӯз аз ин беморӣ 37 нафар фавтидаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 27 нафар гирифторони бемории сил ба қайд гирифта шуда, нисбати соли гузашта 6 нафар зиёд буда, алҳол дар қайди диспансерӣ 65 нафар меистанд. Ҳамаи беморон ва гумонбаршудагон аз муоинаи флюрографӣ ва аз ташхис ба таври ройгон гузаронида мешаванд. Инчунин 9 нафар гирифторони бемории сил аз пардохти хизматрасони барқу об озод карда шуданд. Бояд қайд кард, ки бахшида ба моҳонаи пешгирӣ ва табобати бемории сил дар озмуни вилоятӣ маркази саломатии шаҳр ҷойи аввалро ишғол намуд.

Дар давоми ёздаҳ моҳ баландравии сатҳи бемориҳои сироятӣ ба монанди: бемории сил 6 ҳодиса, зардпарвини “А” 1 ҳодиса, шабушак 19 ҳодиса, гепатити В 1 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

Талаботи муассисаҳои тиббӣ ба мутахассисони дорои маълумоти олии тиббӣ ба 5 нафар - силшинос, нарколог, табиби мадҳушкунӣ ва эҳё, ташхиси шуоӣ, табиби бачагона буда, инчунин дар синну соли нафақа будани табибон муассисаҳои тандурустӣ ба 2 нафар табиби бачагона, 2 нафар табиби амрози дарунӣ, 1 нафар табиби ҷарроҳ, 1 нафар сироятшинос, 1 нафар табиби навзодон эҳтиёҷ дорад.

КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА

Дар шаҳр 46 400 нафар аҳолӣ сукунат дошта, 23 000, ё 49,5 дарсади аҳолиро занон ташкил медиҳанд. Тибқи маълумоти оморӣ дар соҳаҳои асосии хоҷагии халқи шаҳрамон 60 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 87 фисад, дар соҳаи тандурустӣ 81 дарсад, хизматчиёни давлатӣ 47 фоиз, соҳибкорон 42 фисад, дар соҳаи фарҳанг 54 дарсад бонувон фаъолият мебаранд. Шумораи занони роҳбар бошад беш аз ба 50 нафар буда, 37 дарсади роҳбаронро ташкил медиҳад. Дар шаҳр 1 нафар зан намояндаи Маҷлиси вакилони халқи вилоят, 10 нафар занон намояндагони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва 17 нафар занон намояндагони Маҷлиси ҷамоати шаҳракҳо интихоб шудаанд ва ин нишондод нисбати даъвати гузашта 15 фоиз афзудааст. Дар шаҳр 54 фоизи аъзои ҲХДТ-ро бонувон ташкил медиҳанд. Ҳоло 42 нафар занон ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Дар ин давра 32 нафар занону духтарон ба касбу кори гуногун ба кор қабул карда шуданд.

Алъон, 411 нафар донишҷӯдухтарон аз шаҳри Гулистон дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил менамоянд. Инчунин 35 нафари донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунандаи шаҳрро духтарон ташкил медиҳад.

Дар давоми ёздаҳ моҳ байни бонувони шаҳр озмунҳои “Кадбонуи беҳтарин”, “Арӯси наврӯзӣ”, “Маликаи наврӯзӣ” ва мусобиқаи волейбол байни бонувони корхонаву муассисаҳои шаҳр гузаронида шуданд.

Дар ёздаҳ моҳ 57 нафар шаҳрвандон бо муноқишаҳои оилавӣ ба қайд гирифта шуда, 34 нафар оилаҳои ноустувор ба қайд гирифта шудаанд.

Дар ин давра 26 нафар занон 32 ҳодисаи ҷиноятӣ содир намудаанд, ки нисбати соли гузашта 5 ҳодиса зиёд мебошад. Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ 2 ҳодисаи худкушӣ ва 3 ҳодисаи сӯиқасд ба ҷони худ ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ доир ба тақлид ба фарҳанги бегона ва тарзи либоспӯшӣ якҷоя масъулини ШВКД дар давоми як моҳ амалиёти “Маданияти шаҳрдорӣ” гузаронида шуд.

КОР БО ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Соли ҷавонон як қатор корҳои назаррас иҷро шудааст. Аз ҷумла, роҳпаймоии оммавии ҷавонон ва сокинон дар боғи фарҳангиву фароғатии 24-солагии Истиқлолият бо иштироки зиёда аз 1100 ҷавонон гузаронида шуд. Ҳамчунин, мулоқоти Раиси шаҳр бо донишҷӯёни гулистонӣ, ки дар донишгоҳҳои олии шаҳри Душанбе таҳсил менамоянд, баргузор гардида, ба 10 нафар хонандагони фаъол Сипосномаи Раиси шаҳр ва ба 90 нафар ба маблағи 100 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд. Инчунин 10 нафар ҷавони маъюб аёдат карда шуда, ба ҳар кадом ба маблағи 150 сомонӣ кумакпулӣ дода шуд.

Дар муассисаҳои таълимӣ ва коллеҷи тиббӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон, бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ, ҷалб намудан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ бо ҷалби 1825 нафар наврасону ҷавонон 14 маро- тиба вохӯриҳо гузаронида шуд. Моҳҳои январ – март дар дар арафаи ҷашну идҳо аз ҷониби ҷавонон амалиётҳои ниҳолшинонӣ, гулшинонӣ, сафед намудани дарахтони сояафкану мевадиҳанда таҳти шиори “Ин Ватанро мо ҷавонон сабзу хуррам мекунем” ба роҳ монда шуд.

Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти шиори «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат” бо роҳпаймоии зиёда аз 3500 нафар кормандони ҷавонони ташкилоту муассисаҳо ба вуқӯъ пайваст.

Чорабинии фарҳангии “Шоми ҷавонӣ”-и шаҳри Гулистон дар маркази вилоят, дар Боғи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки наврасону ҷавонон, кормандони бахши фарҳанги шаҳр ташкил ва гузаронида шуд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави наврасону ҷавонон, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, аз қабили қолинбофӣ, кешбофӣ, адрасбофӣ фестивал озмуни ҷумҳуриявии эҷодиёти халқ “Бӯстон-2017” ташкил ва гузаронида шуд.

Бахшида ба Рӯзи шаҳри Гулистон аз ҷониби волонтёрони ҷавон аксия таҳти унвони “Мо ҷавонони созандаем!” роҳандозӣ гардид.

Дар ин давра аз тарафи шуъбаи агентии маркази шуғли аҳолии шаҳр 11 ярмаркаҳои ҷойҳои холии кор баргузор гардида, 364 нафар ҷавонон бо кор таъмин шуда, 108 нафар ба курсҳои кутоҳмуддат ҷалб гардиданд.

Дар шаҳр мактаби варзишии бачагон ва нав- расон фаъолият дорад, ки дар он 25 нафар мураб- биён фаъолият доранд. Дар мактаби варзишӣ аз рӯӣ 11 намуди варзиш дар 57 гурӯҳҳо бо ҷалби 648 нафар наврасону ҷавонон машқу тамрин гузаронида мешаванд.

Варзишгарони гулистонӣ дар ин давра ба гирифтани 434 медал дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, дар мусобиқаҳои вилоятӣ ба гирифтани 131 медал, дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 154 медал ва дар чемпионати ҷумҳуриявӣ ба гирифтани 149 медал ноил гардидаанд. Ҳамагӣ дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2017 варзишгарон соҳиби 868 медал гардиданд, ки аз ин 323 медали тилло, 256 медали нуқра ва 289 медали биринҷӣ мебошад.

Дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол байни наврасону ҷавонон баргузор гардид, ки дастаи мунтахаби шаҳр сазовори ҷойи аввал гардид.

Дар ин давра дар маркази шаҳри Гулистон як майдончаи варзишии сунъии футбол сохта ба истифода дода шуд.

ТУРИЗМ

Дар шаҳр дар як вақт имконияти қабул намудани 1100 нафар истироҳаткунандагону табобатгиран- дагон мавҷуд буда, осоишгоҳҳои «Баҳористон», «Шифо», «Соҳил» ва урдугоҳи «Шоҳин» ва маркази хизматрасонии “Усмонҷон” фаъолият доранд. Инчунин 4 меҳмонхонаҳо фаъолият мебаранд, ки имконияти дар як вақт қабул намудани 83 нафар меҳмононро доро мебошанд.

Алҳол, дар минтақаи истироҳатии шаҳр сохтмони як қатор бино ва иншооти истироҳатӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои ҷалби сайёҳон ба шаҳр дар оянда мусоидат хоҳад кард.

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон ба муасси- саҳои истироҳатии шаҳр расман 3823 нафар меҳ- монони хориҷӣ ва 26900 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ бо қайди расмӣ барои истироҳат ва табобат ташриф оварданд. Ҳаҷми маблағи воридшуда аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ 28165,1 сомониро ташкил дод, ки аз он 4459,8 сомонӣ аз ҳисоби туризми воридотӣ дохил шудааст.

Бо мақсади тарғиби имкониятҳои туристии шаҳр мунтазам дар шабакаҳои телевизион роликҳо ва дар фурудгоҳ иттилоот насб карда шудааст. Инчунин маълумотҳо ва иқтидорҳои минтақаи истироҳатии шаҳр ба сомонаи вилоятии www. welcomesғghd. tj дохил карда шудааст.

ВАЗЪИ СОҲАИ МЕҲНАТ, ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ ВА ШУFЛИ АҲОЛӢ

Дар давраи ҳисоботӣ музди маоши миёнаи кормандони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр 2018 сомониро ташкил дод, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 304 сомонӣ зиёд мебошад (соли 2016–1714 сомонӣ). Пардохти музди меҳнати кормандони корхонаҳои буҷетӣ сари вақт таъмин шудааст.

Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10367 ададро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли пешин 32 ҷой зиёд аст. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8586 (соли 2016-8340) нафар буда, нисбати ҳамин дав-раи соли гузашта 246 нафар зиёд мебошад. Алҳол дар шаҳр ҳамагӣ аз тарафи 11 корхона 271 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Ба шуъбаи агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр 1106 нафар бо масъалаҳои гуногун муроҷиат намуданд. Дар ин давра шумораи бекорони ба қайд гирифташуда 684 нафар буда (237 нафар зан), 405 нафар бо ҷои корӣ таъмин карда шуданд (164 нафар зан).

Бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр корҳои зиёд ба сомон расонида шудаанд. Дар ин давра 7 маротиба ҷаласаи комиссия оид ба расонидани ёрии моддӣ гузаронида, дар асоси қарорҳои Раиси шаҳр 67 нафар дар ҳаҷми 31 300 сомонӣ маблағ ёрии моддӣ расонида шудааст.

Дар ин давра тибқи роҳхат ба се нафар ҷанговарони байналмилал ва муҳофизони сохти конститутсионӣ ҷиҳати барқарор намудани саломатӣ дар осоишгоҳҳо ройгон роҳхат ҷудо карда шуд.

Инчунин дар давраи ҳисоботӣ ба 2 нафар маъюби гурӯҳи як аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ба 2 нафар маъюби гурӯҳи як аз ҷониби бахши ҳифзи иҷтимоии вилоят аробачаи маъбӣ дода шуд.

Дар ёздаҳ моҳи соли равон дар ҳудуди шаҳр 980 нафар оилаҳои камбизоат ба қайд гирифта шудаанд, ки онҳо аз ҷубронпулӣ барои истифодабарии қувваи барқ бархӯрдор мебошанд.

Дар маҷмӯъ дар ин давра ба 5357 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи зиёда аз 762,7 ҳазор сомонӣ расонида шуда, ба 290 нафар дастархони идона ороста шуд.

Дар шаҳр дар қайд 3351 нафар нафақахӯрон меис-танд. Ҳаҷми миёнаи моҳонаи нафақаи нафақахӯрон 304 сомонию 60 дирамро ташкил медиҳад. Пардохти нафақа сари вақт таъмин карда мешавад.

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ

Дар ёздаҳ моҳи соли 2017 мувофиқи маълумотҳои Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд, роҳи оҳани вилояти Суғд ва қӯшунҳои сарҳадӣ 2396 нафар сокинони шаҳри Гулистон ба хориҷа сафар намудаанд (2233 нафар мард ва 163 нафар зан), ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2016-2586 нафар) 353 нафар кам мебошад.

ВАЗЪИ ТАРТИБОТИ ҲУҚУҚӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли ҳисоботӣ 169 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҷиноят кам мебошад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 19 кг 383 гр маводи мухаддир мусодира карда шуд. Сатҳи кушодашавии ҷиноят 93,4%-ро ташкил дод.

БАРРАСИИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН

Дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2017 ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҳамагӣ 740 аризаҳои шаҳрвандон (нисбати ҳамин давраи соли гузашта 118 адад кам), 127 мактубҳои ҷумҳуриявӣ, 1115 мактубҳои вилоятӣ, 2045 мактубҳои ташкилоту корхонаҳои шаҳрӣ ворид гардид. Аз ҷониби раиси шаҳр дар ин давра 306 қарорҳо ва 132 амрҳо ба тавсиб расиданд.

Дар ин давра бо масъалаҳои шахсии шифоҳӣ аз ҷониби Раиси шаҳр 151 нафар шаҳрвандон қабул гардидаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта (соли 2016 -152) 1 адад кам мебошанд.

Таҳлили сифатии муроҷиатҳои шаҳрвандон муайян менамояд, ки имрӯз масъалаҳои ҳалталаби рӯз дар шаҳри Гулистон асосан вобаста ба таъмин шудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, таъмин шудан бо ҷойи кор, таъмин шудан бо хонаи истиқоматӣ ва расонидани кумаки молиявиро ташкил медиҳад.

Муроҷиатҳои шифоҳӣ чунин ҳаллу фасл гардидаанд: 55 муроҷиати шифоҳӣ ҳалли худро ба таври мусбӣ ёфтаанд, 88 муроҷиат мутобиқи қонунҳои амалкунанда фаҳмонида шуд, 5 муроҷиат тибқи тобеъият ирсол карда шуда, 3 муроҷиат рад карда шуд.

ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

Дар ёздаҳмоҳи соли 2017 дар қаламрави шаҳри Гулис-тон 565 маъракаҳои гуногун, аз ҷумла 383 тӯйи домодию арӯсӣ, 97 хатнасур, 50 маросими чил ва 35 маъракаи сол баргузор гардида, ҳамагӣ 29 сар чорвои хурд забҳ карда шудааст. Хароҷоти умумии маъракаҳо 2704384 сомониро ташкил дод. Аз шумораи маъракаҳои доиргашта то имрӯз нисбати чор нафар шаҳрванд барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, дар натиҷа бо қарори суди шаҳри Гулистон нисбати онҳо бо моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба маблағи 5000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 20000 сомонӣ таъин карда шудааст.

Дар давоми ёздаҳ моҳ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хатнатӯйи 35 нафар писарбачаҳо оилаҳои ниёзманд ба вуқӯъ пайваст.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мин- баъд низ иҷрои дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои Пешвои муаззами миллат, иҷрои саривақтии қарору санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва дигар мақомотҳои болоиро ба роҳ монда, тамоми имкониятҳои мавҷударо самаранок истифода бурда, барои бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудани соли 2017 аз тамоми захираҳои мавҷуда истифода бурда, баҳри таъмини зиндагии шоиста ва босаодати мардум ҷидду ҷадал менамояд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:747
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2176
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:747
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:14988
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:46275
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:64046
mod_vvisit_counterҲамагӣ:1064596

Мо дар Фейсбук

Президенти кишвар