13 Декабр 2017
Дар асоси дастури раёсати маорифи вилояти Суғд ва тибқи талаботи муқаррароти Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагон барои солҳои 2017-2018, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.10.2016, №16/24 ва бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон аз 12.10.2017 таҳти №276 «Оид ба ташкил ва гузаронидани Олимпиадаи фаннии хонандагон» ба роҳ монда шуда, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и маркази шаҳр озмуни Олимпиадаи фаннии хонандагон аз 13 фанни таълимӣ ташкил ва баргузор карда шуд.
Озмун бо намоиши адабию фарҳангии гурўҳи хонандагони МТМУ №1–и маркази шаҳр ва бо сухани ифтитоҳии мудири шуъбаи маорифи шаҳри Гулистон оғоз гардид. Дар озмун кормандони масъули соҳа, омўзгорон ва падару модарон иштирок намуда, тариқи шаффоф гузаронида шуд.
Дар озмун ғолибони ҷойҳои якум ва дуюми синфҳои 9, 10, 11 дар маҷмўъ 467 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз теъдоди умумии иштирокчиён 183 нафар ба ҷойҳои ифтихории 1, 2 ва 3-юм ноил гардиданд. Ҳамчунин 65 нафар хонандагони синфҳои 9, 10, 11 тариқи роҳхат ба даври сеюм (вилоятӣ)-и озмун барои иштирок сафарбар карда мешаванд.
Аҳлиддин АБДУРАҲМОНОВ,
иректори МДРИ
шуъбаи маорифи шаҳр