Матни равон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кадрҳое, ки дар мақомоти судӣ ва корҳои дохилӣ ба вазифаҳои масъул таъйин гардиданд, мулоқот намуданд.

Бо фармонҳои Президенти мамлакат раисони суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлону Суғд ва баъзе шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таъйин гардида, сардорони раёсатҳои корҳои дохилӣ дар ВМКБ, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва дигар сохтору воҳидҳои мақомоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дастгоҳи марказии вазорат иваз карда шуданд.

 

Оид ба интихоб ва бозхонди судяҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Точикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба вазифаи муовини Раиси Суди Олӣ интихоб гардидани Исҳоқӣ Амирхон, Судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Аланазарзода Шароф, Тағозода Абдуқаҳҳор, Аҳмадзода Ҷамшед, Комилзода Илҳом, инчунин ба вазифаи муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ интихоб гардидани Комилӣ Файзалӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол намуданд.

Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тағйироти кадрӣ ба амал баровада шуд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Хисрав аз вазифаи Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш озод гардида, Рауфов Сӯҳроб ба ин вазифа таъйин гардид.

Ҳамчунин дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони Раёсати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Рашт, сардорони раёсати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои Вахш, Фархор, Ҳамадонӣ, Хуросон, Ёвони вилояти Хатлон, дар ноҳияҳои Истиқлол, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, Нуробод, Файзобод ва сардорони як қатор раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дастгоҳи марказӣ аз ҳисоби кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба ва содиқу поквиҷдон таъин гардиданд.

Зимни суҳбати самимӣ ва ошкоро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз авзои пешгӯинашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус минтақа изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳар як нафари ба вазифаҳои масъулу пуршараф таъйингардида зиракиву ҳушёрӣ ва садоқат ба Ватанро талаб намуданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои нав таъйиншуда дар роҳи таъмини адолати судӣ ва риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ барору комёбӣ орзу намуданд.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1843
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3037
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:8528
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:1844
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7734233

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?