02 Декабр 2025
Дар доираи бозиҳои гурӯҳии марҳилавии гузаришӣ барои роҳхат ба даст овардан ба Лигаи якуми кишвар дастаи "Гулистон"-и шаҳри Гулистон бозии охири даври гурӯҳиро бо дастаи "Спитамен"-и ноҳияи Спитамен баргузор намуд.
Ҳисоби бозӣ бо натиҷаи 4-1 ба фоидаи дастаи "Гулистон" ба охир расид.
Ҳисоби бозии дастаҳои дигари гурӯҳ "Рахш"-и ноҳияи Восеъ ва "Помир"-и шаҳри Хорӯғ бо ҳисоби 1-1 ба охир расид.
Дар натиҷа дар гурӯҳ "Рахш" бо 7 имтиёз дар ҷойи аввал, "Гулистон" бо 6 имтиёз дар мақоми дуюм, "Помир" бо 4 имтиёз дар мақоми сеюм ва "Спитамен" бидуни имтиёз дар мақоми охир қарор гирифтанд.
Дастаи "Гулистон" барои ҷойи сеюми қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи дуюм ва ба даст овардани роҳхати Лигаи якуми футболи кишвар санаи 03.12.2025 бо дастаи "Ҷиликул" майдондорӣ менамояд.
Ба дастаи "Гулистон" дар дидори ниҳоӣ ва тақдирсоз муваффақият хоҳонем.






















