18 Сентябр 2025
Имрӯз, 18-уми сентябри соли 2025 дар доираи нақшаи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳр ҳамоиши ҷавонони шаҳри Гулистон таҳти унвони “Нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ” бо иштироки гирандагони стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳр, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҷавонони фаъоли муассисаҳои таълимӣ, донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳр ва ҷавонони соҳаҳои касбу кори гуногун баргузор карда шуд. Ҳамоиш бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.
Дар кори Ҳамоиш Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода, Раиси шаҳри Гулистон Илҳом Пӯлотзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Бахтиёр Исматзода ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зикр карда шуд, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ чунин зикр намудаанд, ки: “Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик аз ҷумлаи чунин рӯйдодҳои бузургтарини таърихӣ мебошад, ки дар тақдири халқи куҳанбунёди мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овардааст”. Воқеан даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард ва дар ҳамаи соҳаҳо навгониҳои зиёде ба вуҷуд омаданд. Яке аз соҳаҳое, ки пайваста дар таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти кишвар қарор дошт, соҳаи ҷавонон мебошад.
Баъд аз шаш моҳи ба даст овардани соҳибистиқлолӣ парламенти кишвар Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”-ро ба тасвиб расонид, ки санади мазкур заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавононро муҳайё намуд. Дар ин марҳалаи нави таърихӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз миёни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, ин иқдомро ба роҳ монд, ки ҳадафи асосии он фароҳам овардани шароити мусоид барои ба камол расонидани насли нави худогоҳу худшинос ва соҳибмаърифату ватандӯст ба ҳисоб мерафт. Ин заминагузорӣ ва таваҷҷуҳи ҷудогона буд, ки пас аз мулоқоти Президенти кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат аз 23-юми майи соли 1997 худи ҳамон сол мақоми ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Дар ҷомеаи имрӯза дар кори пешбурди соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ мавқеи ҷавонон хеле муҳим аст, зеро ин қишри ҷомеа дорои афкори тозаю нав, нерӯи муҳими пешбарандаи иқтисод буда, истифодаи васеи технологияи муосирро дар истеҳсолот метавонад ба хубӣ таъмин созад.
Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷавонон аз афзалиятҳои доимии сиёсати давлатӣ шинохта шудааст ва дар суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 20 солагии Иҷлосия ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти нави сиёсати давлатии «Рӯ ба ҷавонон» муаррифӣ гардид, ки аҳамият ва зарурати дастгирии давлатии ҷавонон ва татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро бори дигар собит намуд.
Эълон гаштани соли 2017 «Соли ҷавонон» ба ҷовонон нерӯи тоза ва амалисозии имкониятҳои конститутсионии онҳоро қувват бахшида, онҳоро вазифадор намуд, ки ҳар ҷое, ки бошанд, бояд ҳисси баланди миллӣ дошта, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимояи онҳо омода ва ҳушёру зирак бошанд.
Дар Конференсияи мазкур нақши ҷавонон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ назаррас арзёбӣ гардида, изҳори итминон карда шуд, ки ҷавонони саодатёри шаҳри Гулистон бо саъю кӯшишҳои ҳадафманд идомадиҳандаи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар гардида, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Сипас, Маҳваш Бойматова ва Мастура Ҷалилова ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ ва Раиси шаҳр, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр барои баргузории ҳамоиши сатҳи баланд ба масъулин ва фароҳам овардани шароити мусоид ва ғамхории пайваста ба соҳаи ҷавонон ба Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.