02 Март 2025
Субҳи имрӯз, 2 марти соли 2025 бо оғоз гардидани маъракаи интихоботӣ сокинони шаҳр фаъолона дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ иштирок намуда истодаанд.
Дар шаҳри Гулистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани интихобот 1 ҳавзаи ҷумҳуриявӣ, 2 ҳавзаи вилоятӣ, 35 ҳавзаи шаҳрии интихоботӣ ташкил карда шудааст.
Дар ҳамин лаҳзаҳои овоздиҳӣ дар тамоми участкаҳои интихоботӣ идома дошта, сокинон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ дар ин маъракаи муҳим ширкат меварзанд.
Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ дар кишвар маҳсуб мешавад. Иштироки фаъоли шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ нишонаи болоравии маърифати сиёсӣ мебошад.
Ҳар як раъйи додаи мардум дар пешрафти давлат ва таҳкими сулҳу ваҳдат нақши муҳим хоҳад дошт.
Интихобкунандагони ҷавон ва куҳансол бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардида истодаанд.
Аксҳо аз ҷараёни интихобот дар маркази шаҳри Гулистон