Матни равон

Дар асоси фармоиши сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз 02.04.2024, №30, қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 05.04.2024, №102 Дар бораи ташкил ва гузаронидани «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ва ягона, Нақшаи чорабиниҳои асосии вилояти Суғд ва шаҳри Гулистон оид ба масълаҳои мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ, эътино ва рафъи оқибатҳои ҳолтҳои фавқулодда барои соли 2024 ва нишондодҳои ташкилӣ-методӣ санаи 23 апрели соли 2024 дар заминаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳри Гулистон, ҷамоати шаҳраки Сирдарё «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ бо мақсади тарғиби дониш дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда, такмил ва баланд бардоштани маҳорати амалии хонандагон ва омӯзгорон оид ба рафтор намудан ҳангоми хавфи офатҳои табиӣ ва санҷидани ҳолати омодагии муассисаҳо доир ба мудофиаи гражданӣ дар мавзуи «Заминҷунбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид, ки дар он муовини якуми Раиси шаҳри Гулистон Даврон Муҳаммадзода, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд подполковник Ҳамдамов Д., мудири шуъбаи маорифи шаҳр Каримӣ Дилрабо, директорону омӯзгорони муассисаҳо таҳсилоти миёнаи умумӣ, Колеҷи тиббӣ, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 ва донишҷӯёни Колеҷи тиббии шаҳр фаъолона иштирок намуданд.

Дар рафти чорабинӣ озмуни расми беҳтарин оид ба ҳолатҳои фавқулодда, дарсҳои кушод дар синфҳои 2 ва 6 дар мавзуи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, расонидани ёрии аввалия ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар байни хонандагони синфҳои 2 ва 6 доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ташкил ва гузаронида шуд.

Сипас, соати 9:50 дақиқа бонги хатар бо воситаи баландгӯякҳои махсус эълон гардида, аз тарафи сардори звенаҳои алоқа хонандагон ва омӯзгорон оид ба хатари ба вуқуъ омада огоҳ карда шуданд.

Хонандагон дар аввал барои худро муҳофизат намудан ба таги миз даромада, сипас баъди 3-5 дақиқа мутташакилона ба ҷои бе хавф (майдончаи варзишӣ) баромаданд.

Гурӯҳои наҷотдиҳӣ ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо оид ба хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани омӯзгорону хонандагон, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ, хомӯш намудани сӯхтор, муҳофизат намудани гирду атрофи бино ва дастгир намудани ғоратгарон дар муассиса ба пуррагӣ ба анҷом расониданд. Дар навбати худ, хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳр дар якҷоягӣ бо гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд, вазифаҳои худро низ дар амал нишон доданд.

Чорабинии мазкур соати 11:30 дақиқа ҷамъбаст гардида, иштирокчиёни фаъол бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон, сипосномаҳои сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ва бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2796
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1464
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6493
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:35052
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7767442

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?