Матни равон

Ҳамшаҳриёни гиромӣ!

Фарорасии 32-юмин солгарди Ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро самимона бароятон муборакбод гуфта, ба шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ, рӯзгори босаодат ва ба Тоҷикистони азизамон осмони софу беғубор ва рушду тараққиёти беназирро таманно менамоям.

Ватани маҳбуби мо – Тоҷикистони соҳибистиқлол 32 сол инҷониб, ба ҳайси узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ арзи ҳастӣ дорад. Дар ин солҳо мамлакати мо ва халқи баору номуси он таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нури зиндагибахши хуршеди Истиқлол баҳравар гардидаистодаанд. Дар ин росто, бо дастоварди бузург дар роҳи рушду инкишофи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: “Таҷлили санаи ба истиқлолият расидани Тоҷикистон барои мо як ҷашни ҳамасолаи муқаррарӣ ё варақгардонии оддии тақвим нест, балки рӯзи шукронаи мо аз тақдир ва бори дигар пеши назар овардани бурду бохтҳои гузашта, таҳлилу қиёси ҳаёти имрӯза ва тарҳрезӣ намудани дурнамои рӯзгори ояндаамон мебошад”.

Дар воқеъ Истиқлол ба мо имконияти таърихие фароҳам овард, ки Ватани худро соҳибӣ кунем, давлатдории миллии худро барпо намоем, суннату арзишҳои миллиамонро эҳё созем, ормонҳои деринаи халқамонро амалӣ гардонем ва зиндагии озодонаи мардумамонро ба роҳ монем.

Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу субот, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод.

Шаҳри Гулистон дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолӣ ба яке аз марказҳои азими саноатӣ ва сайёҳии вилояту ҷумҳурӣ мубаддал гардида, дар пешрафти, махсусан соҳаи саноати кӯҳии кишвар нақши бориз ва арзандаи худро касб намудааст. Имрӯз мардуми сарбаланди шаҳри Гулистон хуб дарк мекунанд, ки истиқлолият ва озодӣ арзиши нахустин ва бисёр азизу муқаддас дар ҳаёти ҳар як шахси огоҳу бонангу номус ва шарти муҳимтарини зиндагии шоистаи ҳар як фарди Ватан мебошад.

Бори дигар Ҷашни фархундаи 32-солагии Рўзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бароятон сидқан муборакбод намуда, бароятон тандурустӣ, рӯзгори обод ва комрониву комёбиҳо таманно менамоям.

Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

04 Дек 2024

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:941
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1361
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9058
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:8430
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:9696
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:50757
mod_vvisit_counterҲамагӣ:8219208

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?