Матни равон

15 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти бинои нави Маркази таҳсилоти рақамии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оғоз бахшиданд.

Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино аз ҷониби ширкати сохтмонии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нигина” бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ аз маводи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, дар он барои то 700 нафар донишҷӯ дар як баст шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ 4 утоқи таълимӣ, 4 ҳуҷраи корӣ барои устодон, кабинетҳои алоҳидаи Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, маркази таълимии хизматрасонии бонкӣ, синфхонаи “Иқтисодиёт дар замони Истиқлол”, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳи криминалистӣ, маркази шуғли фосилавии парки технологӣ, толори лексионии инноватсионӣ ва студияи сабти барномаҳои телевизионӣ ҷойгир карда шудаанд.

Дар ин ҷо барои донишҷӯён тамоми шароити зарурӣ, аз қабили синфхонаҳои омӯзишӣ, мизу курсиҳои замонавӣ, воситаҳои таълимӣ, компютеру проекторҳо ва дигар таҷҳизоти муосир, ки барои омӯзиши васеи омодасозии мутахассисони баландихтисос зарур мебошад, фароҳам аст.

Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур 10 синфхонаи тахассусӣ, маркази тестӣ барои 100 ҷойи нишаст ва толори лексионӣ ҷойгир шудаанд.

Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар даромадгоҳи маркази нав 4 таҷҳизоти симошиносии муосир насб гардидаанд, ки даромад ва баромади ҳар донишҷӯ ё устод тариқи он сабт мешавад. Ин усул аввалин бор дар маркази мазкур роҳандозӣ гардид.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дар умум 140 адад компютери муосири пайваст ба шабакаи баландсуръати интернет, 20 проектор, 20 тахтаи электронӣ, 7 телевизор, 23 камераи мушоҳидавӣ бо сабти овоз, 5 нуқтаи вайфай (wi-fi), 3 таҷҳизоти махсус ва як тахтаи нурӣ бо баландгӯякҳо барои баргузории машғулияти маҷозӣ, аз ҷумла дарсҳои фосилавӣ ва семинарҳо мавриди истифода қарор доранд. Лавозимоти техникии мазкур ба воситаи ду сервери пуриқтидор идора карда мешаванд.

Баъди ифтитоҳи бинои нави Маркази таҳсилоти рақамӣ дар саҳни ҳавлии донишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи сохтмони бинои истиқоматии баландошёна ва лоиҳаи ангоравии ҷойгир намудани бинои таълимӣ, маҷлисгоҳ ва биноҳои ёрирасон дар ҳудуди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.

Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмони бинои истиқоматии баландошёна Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди  ин иншоот санги асос гузоштанд. Бо бунёди бинои нави истиқоматӣ 95 нафар омӯзгорони ба манзили зист эҳтиёҷманд соҳиби хонаҳои замонавӣ мегарданд.

Аз рӯи лоиҳа бино аз нуҳ ошёна иборат буда, масоҳати замини барои сохтмон ҷудогардида 3950 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Лоиҳаи бино бо фармоиши Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шаҳрофар” таҳия гардидааст. Мувофиқ ба лоиҳа бинои сохташаванда аз ду даромадгоҳи асосӣ иборат буда, масоҳати умумии ҳуҷраҳо 700 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳа масъулини донишгоҳ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ошёнаи якуми бинои истиқоматии нуҳқабатаи сохташаванда маркази савдо ва нуқтаҳои хизматрасонӣ ҷойгир карда шуда, дар саҳни бино дар масоҳати 860 метри мураббаъ истгоҳи нақлиёт, дар майдони 460 метри мураббаъ ҷойи истироҳату суҳбаткадаҳо ба истиқоматкунандагон ва майдончаи хурд барои машғул шудани кӯдакону наврасон ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ дар назар дошта шудааст. Бино дар масоҳати муайяни заминҳои холии дар тавозуни донишгоҳ қарордошта сохта мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини вилояти Суғд, ба пудратчии сохтмон ҷиҳати бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:5213
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2541
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:17861
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:33403
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:37096
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:135558
mod_vvisit_counterҲамагӣ:6027706

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?