Матни равон

Санаи 31 марти соли 2022 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳр Вазирзода Вазир Зокир ҷаласаи навбатии Шӯро баргузор гардид. Дар кори ҷаласа, аъзои Шӯро, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Раъно Ҳошимзода ва раиси суди шаҳр Фарҳод Абдуллозода иштирок намуданд.

Ба ҷаласаи Шӯро муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, сардори раёсат, шуъбаву бахшҳо ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, сардорони шуъбачаҳои милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавии милитсия даъват шуданд.

Дар ҷаласа тибқи рӯзнома ҳолати вазъи иҷрои қонунгузориҳо оид ба меҳнат, дар мавриди ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, таҷрибаи тафтишотӣ-судии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба ҷиноятҳои вайрон кардани қоидаҳои муҳофизати меҳнат ва техникаи бехатарӣ, аз ҷумла вайрон кардани қоидаҳои бехатарии корҳои куҳӣ, сохтмон ва дигар корҳо дар соли 2021 ва давраи сипаришудаи соли 2022 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Доир ба масъалаи баррасишаванда ахбори ёрдамчии прокурори шаҳр, ҳуқуқшиноси дараҷаи 1 Дилшод Умарзода шунида шуда, мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Раиси Шӯро, прокурори шаҳр Вазир Вазирзода баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони ҷамоатҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ оид ба пешгирии ҳодисаҳои нохуш, риояи техникаи бехатарии меҳнат ва ҳифзи меҳнат супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин ба сардорони шуъбачаҳои минтақавии милитсияи ҷамоатҳо ва минтақаи осоишгоҳ ва нозирони минтақавӣ оид ба пешгирии қонунвайронкуниҳо ва мубориза барзидди ҷинояткориҳо ва ба қайд гирифтани ҳамагуна ҳодисаҳои нохуш ва ҳуқуқвайронкуниҳо дастур дода шуд.

Вобаста ба бастани шартномаҳои коллективӣ, гузаштани кормандон аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, пардохти саривақтии музди меҳнат, кӯмакпулиҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии кормандон, гузаронидани семинару машваратҳо байни кормандон оид ба риояи ҳатмии техникаи бехатарӣ, махсусан дар соҳаи куҳкорӣ ва саноат, ҷалби мутахассисон ба ҷойҳои корӣ, ташкили ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва амсоли ин масъулин вазифадор карда шуданд.

Дар охир иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода вобаста ба баррасии масъалаи рӯзнома андешаронӣ намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар самти риояи ҳуқуқҳои қонунан ҳифзшавандаи кормандон ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:391
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2337
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:13257
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:28417
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:4757
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7737147

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?