Матни равон

Имрӯз, 10-уми марти соли 2022 дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон маҳфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – эҳёгари ҷашни Наврӯз” бо иштироки омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр, коллеҷи тиббӣ, соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар маҳфили илмӣ-адабӣ намояндагон аз Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Сафар Эркаев дотсенти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Олимов Ботурҷон мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲСТ ва Каромат Қосимова раиси Шӯрои собиқадорони шаҳр, Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъбире эҳёгари ин ҷашни бузурги миллӣ ҳастанд, ки бо кӯшишу талошҳояшон 23-юми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генерали Созмони Милали Муттаҳид бо ағлаби райъдиҳӣ оид ба «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» эълон шудани Наврӯз қарор қабул гардид. Аз он сол шуруъ карда, минбаъд Наврӯзро дар тамоми ҷаҳон таҷлил менамоянд.

Пешвои миллат доир ба ин ҷашни аҷдодӣ дар яке аз суханрониҳои хеш чунин иброз медоранд, ки: Наврӯз дар Тоҷикистон ба шарофати истиқлолияти давлатӣ эҳё гардид, шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо кард ва ба яке аз ҷашнҳои бузургу муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфт.

Қобили зикри махсус аст, ки ҷашни Наврӯз таърихи бисёр дерина дошта, ойини бедориву хушҳолӣ барои инсоният мебошад.

Маҳз бо ҳамин сабаб арзишҳои онро, ки ба нафъи ҷомеа мебошанд, худи ҷомеа, яъне халқ пос медорад.

Дар айёми наврӯзӣ ҳаёт бар марг, садо бар сукунат ва гармӣ бар сардӣ ғалаба мекунад, ки ин ҳама боиси дилгармии инсон, пеш аз ҳама, марди деҳқон ба зиндагӣ мегардад.

Фарҳанги ориёӣ дар тимсоли Наврӯз ба ҷаҳониён ҷашнеро бахшидааст, ки бар пояи меҳру садоқат, хираду заковат ва адлу адолат бунёд гардида, ақлу мантиқро бар ҷаҳлу зулмат пирӯз гардонидааст.

Ва тавре ки мушоҳида мекунем, хусусан, имрӯз халқҳои сайёра беш аз ҳар вақти дигар ба дӯстиву ҳамкорӣ ва хиради созанда ниёз доранд ва Наврӯз ҳоло низ метавонад ҳамчун ойини меҳру фарҳанг дар самти ҳамгироии  мардуми олам нақши муассир бозида, инсониятро ба сӯйи хушбахтӣ ва саодати воқеӣ раҳнамоӣ созад.

Ба андешаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: “Шояд дар олам мисли Наврӯз кам ҷашне вуҷуд дошта бошад, ки русуми дилчасп ва суннатҳои зиндагисози онро миллату халқҳои дигари олам чун дастоварди беназири фарҳанги пазируфта, бо ҳамин номи зебои тоҷики таҷлил намоянд. Наврӯз асолатан ибтидои корҳои наҷибу азму иродаи тоза, ҷашни парвариши рӯҳ ва афкори солим, пиндору кирдору рафтори нек аст”.

Иштирокдорони маҳфили илмӣ-адабӣ аз саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи ҷашни байналмилалии Наврӯз, таърихи пайдоиши Наврӯз, урфу одатҳо ва анаъанаҳои наврӯзии ниёгонамон бори дигар огоҳ гаштанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:781
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9495
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2810
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7735200

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?