Матни равон

Санаи 5-уми марти соли ҷорӣ дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Дар ибтидо муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонид.

Сипас, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Раъно Ҳошимзода занону бонувони шаҳрро ба муносибати Рӯзи Модар табрику таҳният намуд. Зикр гардид, ки бо шарофати сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳо фароҳам оварда шуд.

 

Натиҷаи ин сиёсати оқилона аст, ки занони қавииродаву боҷасорат ба арсаи васеи сиёсат ворид гардиданд. Дар баробари ин, мавқеи зан-модар дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким ёфта, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошта шуд. Дар натиҷа барои модари тоҷик майдони матонату ҷасорат, далериву шуҷоат ва ғайрату некномӣ муҳайё гардид.

Ҳамчунин, иброз гашт, ки дар ин раванд, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр як қатор барномаҳо ва нақшаю тадбирҳоро дар амал татбиқ намуда, ин равандро мунтазам тақвият медиҳад. Тазаккур бояд дод, ки алҳол иштироки занон дар корҳои давлатдорӣ, идораи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт ба дараҷаи баланд расидааст. Алҳол 50 фоизи аҳолии шаҳрро занону бонувон ташкил медиҳанд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳр беш аз 70 нафар бонувон ба сифати роҳбар фаъолият бурда, 60 фоизи теъдоди кормандони соҳаҳои хоҷагии халқро бонувон ташкил медиҳанд. Дар қаламрави шаҳр зиёда аз 200 нафар занон бо соҳибкории хурду миёна машғуланд. Алҳол беш аз 700 нафар занони ҳунарманд, ба ривоҷу такомули ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили дӯзандагӣ, адрасбофӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, намадбофӣ, ҷомадӯзӣ, зардӯзӣ, ресандагӣ дар маҷмӯъ ба беш аз 20 ҳунарҳои мардумӣ шуғл меварзанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки зан чароғи хонадон, сарчашмаи ҳама эҳсосоти зиндагибахш ва машъали роҳнамои ҷомеа мебошад.

Ҳамзамон, ба бонувони туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Дар интиҳо аз ҷониби санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:567
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2029
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9281
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:2596
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7734986

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?