Матни равон

Санаи 04.03.2022 дар толори Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и маркази шаҳри Гулистон тибқи нақшаи кории бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр конфренсияи илмӣ-амалӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Модар – бақои ҳаёт” бо иштироки ҷавондухтарони Коллеҷи тиббии шаҳр, муассисаҳои таълимии маркази шаҳр, ҷавондухтарони фаъоли ҷамоати шаҳракҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гирандагони стипендияи раиси шаҳр ва бонувони фаъоли ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр баргузор гардид.

Дар даромадгоҳи Кохи фарҳангии “Истиқлол” дастовардҳои варзишии варзишгарони шаҳр дар соли 2021, маҳсули дастранҷи ҷавондухтарон ва намоиши китобӣ ба маъраз гузошта шуд.

Бо садо додани Суруди миллӣ конфренсия оғоз гардид. Дар конфренсия Аҳлиддин Абдураҳмонов мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр, Мамнур Нурзода мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳр, Исмоил Саидов сармутахассиси бахши адабиёт ва камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва Фаридуншоҳ Абдуллоев мутахассиси татбиқи забони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси олии кишвар доир ба ҷойгоҳ ва арзиши зан-модар чунин изҳор намуданд, ки: “Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад. Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан – модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд.

Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад”.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки дар ҳар замоне сатњи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рўи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад ва аз рўи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рў, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанўз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онњоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад.

Бо баёни нақши занону бонувон дар рушди ҷомеа, тарбияи фарзанд, ҷойгоҳу арзиши зан – модар дар адабиёту таърихи куҳани миллати тоҷик, мавқеи онҳо дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар, расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии онҳо аз ҷониби суханроникунадагон қисмати илмии конфренсия ба анҷом расид.

Сипас, санъаткорони бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барномаи консертии идонаро манзури иштирокчиён намуда, бо сурудҳои рӯҳнавозу дилпазир хотири ҳамагонро болида гардониданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:502
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2433
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9675
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:38234
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7770624

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?