Матни равон

Дар толори мактаби санъати шаҳри Гулистон санаи 09.10.2021 дар асоси барқиянмаи фаврии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон конфренсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “30-соли ҳамбастагии ҷавонон бо Пешвои миллат” ба ифтихори таҷлили 30-солагии таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар конфренсия Аҳлиддин Абдураҳмонов, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр,  Исмоил Саидов, сармутахассиси бахши камолшиносии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ, докторанти МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр, ҷавонони коллеҷи тиббӣ ва таълимгирандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд.

Кори конфренсияро Аҳлиддин Абдураҳмонов, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри оғоз бахшид. Фаридуншоҳ Абдуллоев, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр номаи шодбошии Раиси шаҳри Гулистон Маҷидӣ Бахтиёр Саидаҳмадзодаро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон манзури иштирокчиён намуд. Зикр гардид, ки соли ҷорӣ аз таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон 30 сол сипарӣ мегардад. Ба ин муносибат кулли ҷавонони шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ ва дар фаъолияти меҳнатиашон дастовардҳои назаррасро орзу менамоям.

Ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ мавқеи устувори ҷавонони худогоҳу худшиноси кишварро барои дастгирӣ аз сиёсати дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ намуда тавонист, ки 17-уми марти соли 1994 дар Анҷумани ғайринавбатии худ бо намояндагӣ аз кулли ҷавонони кишвар  номзадии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Имрӯз, хушбахтона дар шаҳри Гулистон низ филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон расман ба қайд гирифта шуда, фаъолият намуда истодааст.

Сипас, Исмоил Саидов, аъзои фаъоли Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр доир ба ҳадафҳои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон суханронӣ намуда баён дошт, ки ҳадафи аслӣ ва асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон: пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат дар эъмори ҷомеаи демократӣ, иҷтимоӣ ва шаҳрвандӣ, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва пуштибонӣ аз арзишҳои волои умумибашарӣ, бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ ва номуси ватандории ҷавонон, тақвият бахшидани шуурнокии насли наврас дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи ифтихори миллӣ; донишу малака ва ахлоқу фарҳанги насли наврас буда, барои иштироки фаъоли онҳо дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.

Баъдан, Аҳлиддин Абдураҳмонов, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр доир ба таърихи таъсисёбӣ, дастовардҳо ва ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон маълумот дод. Иброз гардид, ки Фаъолияти 30-солаи ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пурсамар мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба фаъолият шурӯъ намудани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ин ниҳод ҷавононро, новобаста аз ғояву ақидаҳои сиёсӣ, мавқеи иҷтимоӣ ва мансубияти динӣ, муттаҳид сохт. Иттифоқ аз рӯзи таъсис шиори «Барои ваҳдат ва пешрафти Тоҷикистон»-ро ба роҳбарӣ гирифта, пешаи фаъолияти худ намуд ва ҷавононро ба муттаҳидиву ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сиёсӣ даъват кард.

Пас аз суханрониҳо бо иштирокчиён доир ба ҳадафҳои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон музокира сурат гирифт.

Дар фарҷом Аҳлиддин Абдураҳмонов, раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳр ҳамагонро бо 30-солагии таъсисёбии ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон муборакбод намуд.

 

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1624
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:4991
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:14037
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17685
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:92424
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90276
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7632269

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?