Матни равон

23 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо — иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот Мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, Ёрдамчии Президент  – Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманкулов, Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, Котиби шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев, Котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Махмудзода, Муовини котиби шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усманов ва Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумахон Ғиёсов иштирок карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти имрӯзаи сарони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Таъкид гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.

Дар мулоқот ҳамчунин ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи короновирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ карда шуд.

Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддит гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба Саммити Душанбе дар соли 2021, пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд кард.

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2245
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2819
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:7123
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17490
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:17928
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7750318

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?