Матни равон

ДУШАНБЕ, 22.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи душанбе, 21  июн, соати 19:00 гурўҳи мусаллаҳи ҳаракати «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ба Комиссариати сарҳадии «Шерхон-Бандар»-и вилояти Қундузи Афғонистон ҳамла намуданд, омадааст дар изҳороти Маркази  матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ба АМИТ «Ховар» расид.

Дар  изҳорот  ҳамчунин гуфта мешавад:

Дар натиҷаи задухўрди мусаллаҳона, ки то соати 09:00-и санаи 22-юми июн идома ёфт, 134 хизматчии ҳарбии  қувваҳои ҳукуматии ҶИА ба муқовимат тоб наоварда, маҷбур шуданд, бо мақсади наҷоти худ тавассути минтақаи ҳудуди муҳофизатии дидбонгоҳҳои 3 ва 4-уми ОС «Панҷ» Сарҳади давлатиро убур карда, ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон фирор намоянд.

Сарҳадбонони тоҷик бо ба инобат гирифтани маънавиёти инсондустӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ маҷбур шуданд, ба гурезагони иҷборӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозати вуруд диҳанд. Дар миёни ҳарбиёни ҶИА 4 нафар маҷрўҳ ва 1 нафар кушташуда қарор дорад.

Вазъият дар хати сарҳади ҶТ ва ҶИА дар минтақаи мазкур мураккаб арзёбӣ гардида, теъдоди умумии хизматчиёни ҳарбии афғон, ки аз дасти толибон дар Шерхон-Бандар захмиву кушта ё асир афтодаанд, то 100 нафарро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти тасдиқшуда, даҳ рўзи охир дар чор вилояти бо Тоҷикистон ҳамсарҳади ҶИА задухўрдҳои мусаллаҳона байни қувваҳои ҳукуматӣ ва ҳаракати Толибон идома дорад. Дар натиҷа вулусволиҳои Чоҳёб, Янги Қалъа, Дарқад, Дашти Қалъа, Хоҷағори вилояти Тахор, вулусволиҳои Дашти Арчӣ, Имом Соҳиб ва Қалъаи Золи вилояти Қундуз, ду гузаргоҳ – «Шерхон Бандар» ва «Кокул» ба дасти Толибон гузаштанд.

Аксҳои марбута замима мегарданд.

Сарчашма: https://khovar.tj/2021/06/oid-ba-vaziyat-dar-shimoli-af-oniston-iz-oroti-markazi-matbuoti-shun-oi-sar-adii-kdam-t/

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:125
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:2325
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:9217
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17416
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:18133
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7750523

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?