Матни равон

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода бо ҷавонони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ботантана доир гардид. Ҷамъомад бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

Мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Аҳлиддин Абдураҳмонов доир ба фаъолияти густурдаи ҷавонони гулистонӣ дар доираи нақшаҳои истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми ҷавонон дар пешбурди соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, ҷараёни ташкили корҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ ва масъалаҳои дигари марбут ба ҳаёти ҷавонони шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” маърӯза намуд.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода дар мулоқот зимни таҳлилу баррасии фаъолияти ҷавонон доир ба татбиқи сиёсати рӯзафзуни ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид намуд, ки ҳамагуна пешравӣ ва инкишоф дар ҷомеа ба фаъолияти ҷавонон робитаи ногусастанӣ дорад. Имрӯз ғояи асосии ҷавонони кишвар бояд таҳким ва нигоҳдории истиқлолияти давлат, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, таъмини амнияти давлат ва манфиатҳои умумимиллӣ бошад.

Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки ҳоло ҷавонони гулистонї дар донишгоҳҳои олии вилояти Суѓд беш аз 416 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 160 нафар, дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон зиёда аз 111 нафар ва 3 нафар дар донишгоҳҳои вилояти Хатлон аз рўи ихтисосҳои гуногун таҳсил доранд. Соли равон барои дастгирии ҷавонони шаҳр шумораи гирандагони Стипендияи Раиси шаҳр аз 25 нафар ба 30 нафар расонида шуд, ки хонандагони аълохону фаъол сазовори Стипендияи Раиси шаҳр гардиданд. Ҳамчунин, дар шаҳр ҳамасола 15 нафар идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ-ро мегиранд. Лозим ба зикр аст, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миқдори гирандагони Стипендияи президентӣ соли равон дар сатҳи ҷумҳурӣ аз 400 нафар ба 3000 нафар расонида шуд. Дар ин росто, барои шаҳри Гулистон ба 16 нафар Стипендияи президентӣ ҷудо гардидааст, ки ин шумора солҳои қаблӣ ҳамагӣ 3 нафарро ташкил медод. Ин амал бори дигар аз ғамхориву дастгирӣ нисбат ба ҷавонон ва сиёсатаи ҷавонпарваронаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Дар интиҳо ба 30 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ Стипендияи Раиси шаҳри Гулистон ва ба ҷавони фаъоли соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сипосномаву туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъияти мутантана супорида шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:10
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:3923
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:10
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17515
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:43666
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7776056

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?