06 Май 2021
Санаи 5-уми майи соли 2021 Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва то мактабии маркази шаҳр дидан намуд.
Дар ибтидо Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода дар муассисаи таълимии №1-и шаҳр боздид ба амал овард. Иттилоъ дода шуд, ки дар муассиса 1914 хонанда буда, 85 нафар омӯзгорон ба толибилмон дар ду баст таълим медиҳанд. Ҳамчунин, аз рафти сохтмони системаи гармидиҳии муассиса, ки солҳои тӯлонӣ аз фаъолият боз монда буд шинос гардида, ба масъулини азнавбарқароркунии системаи гармидиҳӣ дар муассисаи таълимӣ то соли хониши нав пурра супорида шудан ва доир ба ободонии атрофи муассиса саҳми худро гузоштан супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳамчунин, Раиси шаҳр аз муассисаи давлатии таълимии томактабии №1-и ба номи “Офтобак” шинос гардид. Тавре иттилоъ доданд, дар кӯдакистон таъмиру таҷдиди намои кӯдакистон, сафолакпӯш гардидани роҳҳо, таъмири майдончаҳои бозӣ ва мавзеъи қоидаҳои ҳаракати роҳ барои машғулияти бачагон ташкил мегардад.
Сипас, Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода аз муассисаи давлатии таълимии томактабии №2 - “Ситора”-и маркази шаҳр боздид ба амал овард. Тазакккур дода шуд, ки дар кӯдакистони мазкур тармими азнавбарқароркунии гурӯҳи томактабӣ ба роҳ монда шуда, барои 30 нафар пешбинӣ гардидааст. Раиси шаҳр барои таъмир ва азнавсозии айвони бозиҳои бачагона, оинабандии бино ва ҳавзи оббозӣ супориш дод. Ҳамчунин, ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.
Баъдан, Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода аз рафти корҳои ободонии даромадгоҳи шаҳр дидан намуд. Тавре иттилоъ дода шуд, барои обёрӣ ва кабудизоркунии шафати роҳи асосӣ барои зиёда аз 7 ҳазор метр таъмин намудани оби полезӣ лӯлаҳои полиэтиленӣ насб мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулин Раиси шаҳр таъкид дошт, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди шаҳр корҳои ободониву созандагӣ вусъат пайдо намудааст. Аз ин рӯ лозим аст, ки барои ободонӣ ва корҳои созандагӣ кӯшиши бештар ба харҷ диҳем.