Матни равон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба самъи Шумо мерасонад, ки дар шаҳри Гулистон корҳои ободонӣ ва хуррамгардонӣ вусъат ёфта, барои ободу зебо ва хуррам гардонидани шаҳр як қатор корҳо ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла, бунёд ва таҷдиди боғҳо, гулгаштҳои замонавӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бачагона, чароғонкунии шафати роҳҳои нақлиётгард, хонаҳои баландошёна, сафолакпӯш намудани роҳҳои пиёдагард, шинонидани дарахтони ороишӣ, мевадиҳанда, гулҳои мавсимӣ ва монанди онҳо.

Бояд қайд кард, ки барои амалӣ намудани корҳои дар боло зикршуда хеле маблағҳои зиёд сарф шуда истодааст. Барои ба иҷро расонидани корҳои зикршуда маблағи буҷети маҳал нокифоя буда, соҳибкорон, саховатмандон ва корхонаю муассисаҳо дастгирӣ намуда истодаанд. Корҳои ободонӣ, хуррамгардонӣ танҳо барои истироҳати бемайлони халқи азизи шаҳр ва меҳмонон мебошад.

Бинобар ин ба диққати сокинон ва меҳмонон расонида мешавад, ки барои худсарона буридани дарахту буттаҳо, ки барои кабудизору ободонии шаҳр ва дигар маҳаллаҳои аҳолинишин таъин гардиданд ё расонидани зарар ба онҳо, риоя накардани қоидаҳои истифодабарии биною манзили истиқоматӣ, қоидаҳои нигоҳдошти ҳолати санитарии ҷойҳои истифодаи умум, қоидаҳои ободонии ҳудуди шаҳр, партофтан ва сӯзонидани партовҳою ашёҳо дар ҷойҳои муқаррарнашуда, нодуруст иҷро кардани уҳдадориҳои тарбиявии фарзандон нисбат ба волидайн ё намояндагони қонунии онҳо тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноӣ пешбинӣ шудааст, ки маблағи ҷаримаи он зиёда аз 3000 сомониро ташкил медиҳад.

Лозим ба зикр аст, ки халқи тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи бомаданият, бофарҳанг ва соҳибтамаддун шинохта шудааст. Моро зарур аст, ки расму русуми ниёгони худро ҳифз намоем, ба нигаҳдошти ашёи ҷамъиятӣ бемасъулиятӣ зоҳир нанамоем, тозагиву покизагиро риоя намуда, партовҳоро дар қади кӯча напартоем, ба ҳар ҷой либос наовезем, ба деворҳо ҳар гуна сухану нақшҳо накашем ва ба ҳамаи ин падару модарон ва калонсолон масъулем.

Вобаста ба ин, аз падару модарон эҳтироман хоҳиш карда мешавад, ки ба фарзандони худ маданияти шаҳрдориву шаҳрнишиниро омӯзонанд ва пеш аз ҳама худ намунаи ибрат бошанд ва дар якҷоягӣ барои ободиву шукуфоии шаҳри азизамон саҳмгузор бошем.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти

давлатии шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:2316
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1464
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:6013
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:17754
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:34572
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:90470
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7766962

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?