Матни равон

Дар урфият мегӯянд, ки “ҳамсоя ин ба аъзои оила баробар аст, аз хеши дур ҳамсояи наздик беҳтар аст”. Ин гуфтор давоми солҳо, яъне аз қарнҳо сарчашма мегирад, ки аз ҳақиқат ва воқеияти ҳаёту рӯзгор маънӣ гирифтааст.

Ҳолатҳо ва воқеаҳои вақтҳои охир, ки дар сарҳади ҳамҷавории деҳоти Хоҷаи Аъло ва Чоркуҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинон, сарҳадбонони ҷониби Ҷумҳурии Қирѓизистон ба вуқӯъ омада истодаанд, ҳамагон гуфтори гузаштагонро ба маънои дигар бурда, боиси надомату ҳатто ҷонбозиҳо аз ҷониби қирѓизҳо нисбат ба сокинони деҳаҳои Воруху Чоркўҳ шудааст.

Таърих девори ҳақиқатгӯй, ҳақиқатнигор ва воқеъбин аст. Мо аз сарчашмаҳои таърихӣ ва санаду ҳуҷҷатҳои қадима огаҳии хубу равшан дорем, ки ҳуҷҷатҳои қадима баёнгари онанд, ки Ворух пурра ва бе ягон маҳдудият ва тобеият ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубият дорад ва макону манзили аҷдодии тоҷикон мебошад. Чаро ин ҳақиқати тарихиро ба инобат намегиранд? Танҳо бе ягон асосу санади меъёрии ҳуқуқӣ даъвои заминталошӣ карда, торафт замини тоҷиконро ѓасб менамоянд?

Таърих шаҳодат медиҳад: миллати фарҳангсолору тамаддунсози тоҷик дар ягон асру дар ягон давр як порча, як ваҷаб замини ѓайрро даъвои аз они худ ва ё ѓасб накардааст. Ҳамеша таҳаммулпазириро дар меҳвари ҳаёту рӯзгори хеш қарор додааст.

Ҳодисаҳои рӯзҳои 28-29-уми апрел бори дигар бозгӯ намуд, ки дар воқеъ ҳамсоякишвари мо аз сарҳдаи инсонгароӣ ва ҳамсоядорӣ гузаштааст. Маҳз онҳо аввалин шуда ҳар дафъа сабаби ба миён омадани низоъ мегарданд. Ин дафъа низ тибқи иттилоъҳои мавҷуда боз онҳо ба сангандозиву тиркушоӣ оғоз намудаанд. Ин амал боиси ба ҳалокат расидани чанд тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон гардид. Аз ҷониби кишвари ҳамсоя низ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта шудааст. Ин аст магар оини ҳамсоядорӣ! Мардуми тоҷик то ин дам танҳо сабр мекард, вале сабр ҳам ҳадде дорад. Тӯли чанд рӯз аст, ки мардуми бо нангу номуси кишвар дар сомонаҳои иҷтимоӣ изҳор дошта истодаанд, ки омодаанд барои ҳифзи Ватан ҷони худро фидо намоянд. Ин гувоҳи он аст, ки тоҷикон ҳамеша барои ҳифзи марзу буми аҷдодии хеш омодаанд.

Масъалаи сарҳаду даъвоҳои ѓасби заминҳои истиқоматӣ танҳо дар паси мизи музокирот, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, шаффоф ва бо идроки олии инсонӣ ҳаллу фасл карда мешавад. Хушбахтона ҷонибҳо дар паси мизи музокирот оташбасро эълон намуданд ва вазъ ором гардид.

Мегӯянд: “Обу ранги мо ба олам оқибат гул мекунад. Бар замин ҳарчанд чун барги ҳино афтодаем”. Миллати мо-тоҷикон ободкору созанда ва боғпарвару эъзозкунандаи заминанд. Мардуми тоҷик ҳамеша таҳаммулу дӯстпарвариву инсондӯстиро дар қалбу ҷисму ҷони худ парваридаанд. Бо ҳамин меъёр кору пайкор ва зиндагӣ доштанду доранд. Ва мардуми заҳматқарину ободкори деҳаҳои сарҳаднишин бо дилу ҷон макони аҷдодиашонро ободу сарсабз намудаанд. Ҳар як зарраи хоки Ватан барои мо муқаддас аст ва барои ҳифзи он ҳамеша омодаем.

 

Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Соҳил”

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

ДИҚҚАТ! ОЗМУН!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

24 Апр 2024

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:1596
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:1596
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:85381
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7727301

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?