Матни равон

Хари Исо гараш ба Макка баранд,

Чун биёяд, ҳанӯз хар бошад.

Бегумон пас аз воқеоти рӯзҳои 28-ум ва 29-уми апрел дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ дар минтақаи шаҳри Исфара ва вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя, ки иттифоқ афтод бори дигар собит намуд ҳанӯз оини ҳамсоядорӣ, дар аҳду вафо будан, ҷавонмардӣ ва ҳадди инсониро наомӯхтаанд.

Дар тӯли чанд соли охир борҳо ва борҳо онҳо ба ин амали нагини аҳдшиканӣ даст мезананд. Мардуми тоҷик бо оини ростин, ҷавонмардӣ ва аҳди вафову ҳамсоядорӣ ҳамеша хоҳони сулҳу субот буданд ҳастанд ва мемонанд. Гарчанде ки дар тӯли даргириҳои солҳои охир чандин нафар фарзандони шуҷоъву далери он аз тири муғризонаи ҳамсоягони бенангу ор ба ҳалокат расиданд.

Боз ҳам хостори сулҳу дӯстӣ ва равобити бародарӣ шудем. Аммо ин дафъа аз ҳад гузаштанд. Ноҷавонмардона аҳдномаи бастаро шикастанд ва ҳайати гурӯҳҳои таъиноти махсусаш бо либоси шаҳрванди оддӣ дар муноқишаи миёни аҳолӣ ширкат намуда, дар рӯзи аввал 7 тан аз сокинони тоҷикнишинро захмӣ намуданд. Тибқи иттилоии воситаҳои ахбори омма пас аз сангандозиҳои рӯзи 28-уми апрел дар рӯзи 29-ум боз иғвову дасисабозӣ ва маҳз тиркушоӣ аз ҷониби сарҳадбонони кишвари ҳамсоя шурӯъ гардидааст. Бадхоҳиву ноҷавонмардии онҳо бори дигар он замон собит гашт, ки раиси шаҳри Исфара барои ором намудани вазъият ба макони ҳодиса ҳузур овард ва онҳо аз мавқеият истифода намуда ба сӯи ӯ тир холӣ карданд. Амалҳои нангини онҳо боис гардид, то аз ҳар ду тараф оташкушоӣ сурат гирад. Ниҳодҳои дахлдор барои ором намудани вазъ дар он ҳангом талош намуда, дар паси миззи музокирот нишастанд. То замони ҳал гардидани вазъият мутаассифона аз ҷониби ҳар ду тараф талафотӣ ҷонӣ ба қайд гирифта шуд. Он гунае, ки яке аз мутафаккирони Рими қадим зикр мекунад: “Ман инсонам ва ҳар чизи барои инсон қобили қабул барои ман бегона нест” талафоти ҷонии ҳарду тараф боиси таассуф аст ва ба марги сокинон, маҳз кишвари ҳамсоя ва масъулони ниҳодҳои дахлдори он гунаҳкоранд. Истифодаи сарбозони таъиноти махсуси кишвари ҳамсоя дар либоси шаҳрванди оддӣ далели равшани ин гуфтаҳост. Дар ин вазъият кулли ҳамватанон омодаи он буданд, ки бо амри дил ба муҳофизати Ватан бархезанд, ки ин аз ҷасуриву ватандӯст будани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Баъд аз он, ки ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд умед бар он дорам, ки ҳамсоякишвари мо аз амалҳои нангини худ як навъ панд ҳам гирифт ва дигар барқасдона аҳдномаҳои дуҷонибаро намешиканад ва роҳи мусолиҳаомезро пеш мегирад.

Фаридуншоҳ АБДУЛЛОЕВ, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Гулистон

 

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Сомонаҳои расмӣ



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


МИҲД вилояти Суғд


АМИТ "Ховар"

МУРОҶИАТ БА РАИС!

+992300000018

+992300000018

Эълонҳо

  • 1
  • 2
  • 3
  • 4
  • 5

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон...

25 Апр 2022

Диққат! Озмун!

Диққат! Озмун!

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд ...

04 Ноя 2021

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон

Боздошти гурӯҳи қочоқчиёни маводи мухаддир / Ахбори Точикистон   https://youtu.be/ZH0ryjEAOyE

28 Ноя 2019

ДИҚҚАТ, ОЗМУН!

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ГУЛИСТОН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд: Дастгоҳи...

30 Сен 2019

Муроҷиат намоед!

ТЕЛЕФОНИ БОВАРӢ ДАР МИҲД Ба маълумоти сокинони шаҳру шаҳракҳо расонида мешавад, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии...

29 Авг 2018

Мо дар Фейсбук

Ташрифкунандагон


mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз:701
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта:1815
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта:701
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта:27707
mod_vvisit_counterҲамин моҳ:84486
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта:102075
mod_vvisit_counterҲамагӣ:7726406

Райъпурсӣ

Сомона чи хел аст?